Вазири маориф гуфт: Пул ҷамъ кардан аз хонандагон дар мактабҳо манъ аст!
04.02.2026
Оила
79

Вазири маориф гуфт:

Пул ҷамъ кардан аз хонандагон

дар мактабҳо манъ аст!

Ҷамъоварии маблағ аз хонандагон барои таъмири мактаб ва дигар эҳтиёҷот манъ аст. Дар ин бора вазири маориф ва илми Тоҷикистон Раҳим Саидзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода гуфт, дар ҳолати аз хонандагон ба таври ғайриқонунӣ ҷамъ кардани маблағ дар ин ё он мактаб сокинони маҳаллӣ метавонанд ба Вазорати маориф ва илми кишвар муроҷиат намоянд.

Дар идомаи суҳбат вазири маориф таъкид намуд, ки натанҳо барои таъмир ва эҳтиёҷоти мактаб, балки барои обуна ба нашрияҳои ғайрисоҳавӣ низ ҷамъ кардани маблағ аз хонандагон манъ мебошад.

“Ҳар рӯзи шанбе қабули вазири маориф мешавад, марҳамат муроҷиат кунед. Танҳо хоҳиш мекунам, мушаххас гӯед, ки дар куҷо ғайриқонунӣ ҷамъоварии маблағ сурат мегирад, мо ҳатман чораҷӯӣ мекунем,”-гуфт вазири маориф Раҳим Саидзода.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД