Вазири маориф ва илми Тоҷикистон зимни боздид аз муассисаҳои томактабӣ ва миёна дар ноҳияи Фирдавсӣ камбудиҳои зиёдеро ошкор кардааст...
Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон аз кӯдакистони №134 ва мактаби миёнаи №42 дар ноҳияи Фирдавсӣ боздид намуда, зимни боздид аз кӯдакистон камбудиҳои ҷиддӣ, аз ҷумла, риоя нагардидани реҷаи корӣ дар муассиса, тибқи меъёр ва дар вақти муқарраршуда надодани хӯрок ба кӯдаконро ошкор намудааст.
Ба иттилоъи Супутник вазир ҳамчунин аз омода набудани муассиса ба фасли зимистон, хусусан, захира накардани маводи хӯрока барои фасли тирамоҳу зимистон, дар ҳолати ғайрисанитарӣ қарор доштани муассиса, набудани майдончаҳои ба талабот ҷавобгӯ барои машғулиятҳои кӯдакон, истифода нашудани заминҳои назди муассисавӣ изҳори нигаронӣ намудааст.
Ташрифи вазири маориф ва илми кишвар Раҳим Саидзода ба муассисаҳои томактабию мактабӣ иқдоми хеле хуб буда, имкон фароҳам меорад, ки камбудиҳо сари вақт ошкор карда шуда, мушкилоти ҷойдода бартараф карда шавад. Умедворем, ки роҳбарони дигар вазорату идораҳо низ аз Саидзода сабақ гирифта, аз идораву муассисаҳои тобеъи худ дидан мекунанд ва пайи ҳалли камбудиҳои чойдошта чораҳои зарурӣ меандешанд.