Вазири корҳои хориҷии Эрон Аббос Ароқчӣ бо мақсади дидорбинӣ ва мулоқот бо президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ва вазири корҳои хориҷии ин кишвар Сергей Лавров ба шаҳри Санкт- Петербурги Россия сафар кардааст.
Тавре расонаҳои русӣ навиштаанд, зимни мулоқот бо сарони ин кишвар масъалаи ҳамкориҳои дуҷонибаи Эрону Русия ва вазъияти минтақаву вазъи байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
Дирӯз, якшанбе, 26-уми апрел Ароқӣ бори сеюм дар се рӯзи охир ба Исломобод рафта, қабл аз сафар ба Русия бо шахсиятҳои калидии ҳукумати Покистон, аз ҷумла бо фармондеҳи кулли артиши Покистон Осим Мунир дидорбинӣ намуда буд.
Хабаргузории "Форс" навиштааст, ки Аббос Ароқчӣ паёми хаттиеро ба Амрико ирсол намуд, ки он масъалаҳои барои Эрон калидӣ, аз қабили гулӯгоҳи Ҳурмуз ва барномаи ҳастаии Эрон, ки барои кишвар масоили “хати сурх” ба шумор мераванд, дар бар гирифтааст.
Ёдрас мешавем, ки қаблан расонаҳо аз эҳтимоли баргузории мулоқот баҳри барқарорсозии сулҳ миёни Теҳрон ва Вашингтон гузориш дода буданд ва ҷониби Амрико эълон кард, ки рӯзи шанбе намояндагони худро барои музокироти сулҳ ба Покистон мефиристад, вале баъдан Доналд Трамп хабар дод, ки сафари онҳо лағв шудааст.