1xbet
Вазири корҳои дохилӣ марги фоҷиабори Хусрави 15-соларо ба дасти падар шарҳ дод
175

Тафтиши қазияи марги фоҷиабори навраси 15-сола Хусрав Одинаев ба дасти падараш Парвиз Одинаев дар шаҳри Турсунзода дар кадом ҳолат қарор дорад? Модари ин бачаи ғуррамарг барои бемасъулиятӣ нисбати фарзанд ва ҳимоя накардани писараш аз ваҳшониёти падар ба ҷавобгарӣ кашида мешавад ё не? Тақдири ояндаи 4 фарзанди дигари ин оила чӣ мешавад? Оё ба волидоне, ки нисбати писарашон чунин ваҳшониятро раво дидаанд, тарбияи минбаъдаи 4 кӯдаки дигарро бовар кардан мумкин аст?

Дар посух ба саволҳои хабарнигори сомонаи Оila.tj Фирӯза Сатторӣ дар ин мавзӯи дарднок, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода қазияро шарҳ дода, гуфт: “Ҳодисае, ки дар шаҳри Турсунзода рӯй дод, яъне марги писарбачаи 15-сола дар натиҷаи шиканҷаи падар, мудҳиштарин ҷиноят буд. Кӯшиш карданд, ки пинҳон кунанд, вале кормандони милитсия фавран амал намуда, ин ҷинояти мудҳишро сари вақт ошкор намуданд".

Дар идомаи суҳбат вазири корҳои дохилӣ гуфт, ки модари писарак ба ҷавобгарӣ кашида нашудааст, вале парвандаи падараш Парвиз Одинаев барои тафтишоти минбаъда ба Додситонии кулл ирсол гашт.

Ёдрас мешавем, ки нисбати Парвиз Одинаев бо қисми 3-и моддаи 110-и Кодекси ҷиноятии ҶТ барои қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Ин банди қонун аз 12 то 15 соли зиндонро пешбинӣ менамояд.

Тақдири минбаъдаи 4 фарзанди дигари ин оила дар рафти тафтишот маълум мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД