arzon replenishment
Вазире, ки шеър мегӯяд ва шоҳмотбозонро мот мекунад!
1571

Имрӯз яке аз фарзандони шуҷоъи миллати тоҷик, марди ҳақҷӯву ҳақталошу ҳақиқатпараст, Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода Ҳамро ҷашни милод дорад.


Аксарият гумон мекунанд, ки корди вазирону амалдорон мудом болои равған ва корашон ҳамеша кайфу сафо карда гаштан аст, аммо дар асл чунин нест. Барои расидан ба қуллаҳои баланд инсон бояд заҳмати зиёде кашида, як умр дар талош ва такопӯй бошад, ба халқу диёраш содиқонаву самимона хизмат намояд ва барои Ватан натанҳо донишу малака, балки ҳатто ҷонашро низ дареғ надорад. Сарнавишти яке аз фарзандони баруманди миллати тоҷик, ҳуқуқшиноси варзида, Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода Ҳамро далели равшани ин гуфтаҳост, зеро ин марди шуҷоъ умре дар хизмати мардум буда, мубориза бурдан бо ҷинояту ҷинояторӣ ва дифоъ аз ҳар як сокини Тоҷикистонро ҳадафи зиндагии хеш қарор додааст.


Рамазон Раҳимзода 25- апрели соли 1960 дар Вилояти Хатлон чашм ба олами ҳастӣ во намуда, сарғоз факултаи муҳандисии Донишкадаи Аграрии Тоҷикистон, сипас Мактаби олии милитсияи Тоҷикистон ва баъдан Академияи милитсияи Федератсияи Русияро хатм намудааст.
Ин марди делеру шуҷоъ фаъолияташро дар мақомоти милитсия аз зинаҳои аввал ба сифати инспектори шуъбаи мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Мӯминобод сар кардааст. Шуҷоату далерӣ, садоқат ба касби худ ва дасту дили покашро ба назар гирифта, баъдан Рамазон Раҳимзодаро сардори шӯъбаи мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии Шуъбаи корҳои дохилӣ дар ноҳияи Данғара таъин менамоянд.

Минбаъд Раҳимзода дар вазифаи сардори шӯъбаи милитсия дар ноҳияҳои Данғара, Ховалинг ва Норак кор карда, бо хирадмандиву кордонӣ ва адолатпарварию ҳақиқатпарастии худ сол то сол дар зинаҳои мансаб болотар мебаромад.
Соли 2001 Рамазон Раҳимзода намояндаи ваколатдори Бюрои мубориза бо ҷиноятҳои мутташакилона ва дигар ҷиноятҳои махсусан хавфнок дар ҳудуди давлатҳои муштарак ул манофеъ (СГН) ва баъдан муовини сардори ин бюро таъин шуда, солҳои 2005-2007 дар вазифаи муовини Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон кор кардааст.

Соли 2008 Сардори Хадамоти муҳоҷират, соли 2009 Раиси комиссияи махсуси мубориза бо савдои одамон буд.
Ҳамин тавр ин марди шуҷоъу далер ва хирадманду ҳақталош зина ба зина боло рафта, санаи 4-январи соли 2012 Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон таъин шуд ва инак беш аз 10 сол аст, ки бо ҷинояту ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон мубориза мебарад.
Хизматҳои ин фарзанди фарзонаву шуҷоъ ва ҳақталошу муборизи Ватан бо мукофотҳои зиёди давлатӣ, аз ҷумла бо ордени Спитамен дараҷаи 1 ва ордени Зарринтоҷ, дараҷаи 2 қадрдонӣ карда шудааст.


Генерал-лейтенант Рамазон Раҳимзода доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ буда, рисолаи докториашро дар Федератсияи Русия ҳимоя намудааст.
Маъмулан, одамоне, ки дар сохторҳои қудратӣ кор мекунанд, ба шеъру сухан чандон шавқ надоранд, вале Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ба серкориаш нигоҳ накарда, боз бо тахаллуси Ниҳонӣ шеър мегӯяд ва асарҳои саҳнавӣ низ менависад. Пиесаи “Дили модар”-и ин қаламкаши борикбин ба мавзӯи хеле дарднок-хиёнат бахшида шуда, аз рӯзгори Хуршед ном ҷавони тоҷик нақл мекунад, ки гумроҳ шуда, ба Сурия меравад ва модари зорашро ба дарди ҷигарсӯзу бедавои доғи фарзанд гирифтор месозад. Намоишнома бисёр пурсӯзу гудоз буда, тақдири Хуршед барои дигар ҷавонони тоҷик намунаи талхест, то минбаъд қадам дониста гузоранд ва ҳаёташонро бо дасти худашон насӯзанд.


Рамазон Раҳимзода ҳамчунин ба варзиш шавқманд буда, дар ин ҷода низ комёб гаштааст ва дорандаи дараҷаи устоди варзиш оид ба шоҳмот мебошад.
Ана ҳамин тавр Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода Ҳамро танҳо дар мубориза бо ҷинояту ҷинояткорӣ не, балки дар суханварию шоҳмотбозӣ низ ҳарифонашро мот мекунад!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД