Бо мақсади аз наздик шиносоӣ пайдо кардан бо ҷараёни корҳои сохтмонии муассисаҳои тандурустӣ, рафти хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва таҳлилу баррасии масъалаҳои муҳими соҳа вазири тандурустии кишвар Ҷамолиддин Абдуллозода ба вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом дод.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи сафари корӣ Ҷамолиддин Абдуллозода бо рафти корҳои сохтмонии Беморхонаи минтақавии ноҳияи Восеъ аз наздик шинос гаштааст. Аснои боздид бо ҷараёни корҳои сохтмонии иншооти нави тандурустӣ номбурда бо масъулини соҳаи ноҳияи мазкур ҷиҳати дар сатҳи баланд ба анҷом расонидани сохтмони муассисаи тандурустӣ суҳбат намудааст.
Ҳамзамон, дар ноҳияи Восеъ вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар бо кормандони соҳаи тандурустии ноҳия низ вохӯрӣ намуда, бо онҳо доир ба таъмини ҳифзи саломатии аҳолӣ, боз ҳам беҳтар кардани фаъолияти корӣ ва бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои ҷойдошта гуфтугӯ анҷом додааст.