formula
Вақте падар модарашро бо корд зад ...
593

Вазорати корҳои дохилии кишвар аз ҷанҷолу кордкашии як оила дар шаҳри Турсунзода хабар дод.

Ба иттилои ин ниҳод, ҷавони 24-солаи сокини шаҳри мазкур аз он шиква кардааст, ки 7-уми июли соли 2023, тахминан соати 09:30 дақиқа, падараш марди 52-солаи сокини ҳамон ҷо, дар дохили ошхонаи манзили истиқоматиашон бинобар сабаби муноқишаи оилавӣ бо ғазаб омада, бо корди дар дасташ буда, якчанд маротиба ба бадани модараш зани 44-сола мезанад.

Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Баъдан, гумонбаршаванда бо корд якчанд маротиба ба бадани худ зада, сӯиқасд ба худкушӣ намудааст. Дар натиҷа, ӯ ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Бояд гуфт, ки хушунату зӯроварӣ алайҳи занону духтарон ба дарди ҷонсӯзи ҷомеаи мо табдил ёфтааст ва новобаста ба талошу муборизаҳои пайвастаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баҳри пешгирии чунин ҷиноятҳо то имрӯз мардони бехираде ёфт мешаванд, ки бо ҳар баҳона ба сари зан, духтар, хоҳар, дӯстдухтари худ даст бардошта, занони бе пушту паноҳро бераҳмона лату кӯб мекунанд, озор медиҳанд ва ҳатто ба қатл мерасонанд.

Вазорати умури дохилии кишвар пайваста аз сар задани боз як чунин ҳодисаҳои нохуш, махсусан, куштори ваҳшиёнаи зан ба дасти шавҳар хабар медиҳад.

Пештар аз ин, Самар Камолови 52-сола, сокини шаҳри Душанбе, ки қаблан, барои қасдан расонидани зарар ба саломатии инсон суд шуда буд, вале ба ҷойи он ки дар кунҷи зиндон дар боби амали норавои худ андеша кардаву ислоҳ шуавад, баръакс золимтар гашта, баъди ба озодӣ баромадан даст ба амале зад, ки ба ақли солим рост намеояд. Ӯ соҳиби фарзандони баркамол ва ҳатто наберадор бошад ҳам, аз ҳиссиёти рашк ҳамсараш Замирахон Раҳмоноваи 50-соларо ба таври ваҳшиёна ба қатл расонд.

Чунин ҳодисаҳо теъдоди зиёд дошта, муноқишаву хушунати оилавӣ, махсусан, вақтҳои охир афзудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД