Formula novemver 2024
Вақте масъулият бо рисолат тавъам аст ...
25.01.2023
ОИЛА
649

Вақте масъулият бо рисолат тавъам аст ...

 

Масъулиятшиносӣ ва тавони шунидани арзи мардумро доштан аз рӯзҳои аввали мавҷудият меҳвари фаъолияти «IRS», маҳсуб мегардад. Аз ибтидо масъулини филиали Ширкат муътақид буданд, ки лозим аст муносибат дар асоси ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми тарафайн роҳандозӣ гардад. Он рӯзҳо гузашт ва хушбахтона, мардум пурра моҳият ва муҳимияти ва фаъолияти «IRS»-ро дарк намуданд.

Ҳадаф аз ёдовар шуданамон аз он айём ба он хотир аст, ки маҳз бо масъулиятшиносӣ ва фаъолияти пурмаҳсул метавон тамоми шубҳаҳоро ботил карда, собитқадам будан дар иҷрои рисолати ба зимма вогузорбударо исбот намуд. Фаъолияти филиали Ширкати «IRS», ки аз нотавонбинии як идда то ҳамдигарфаҳмии комил масир дошт, шаҳодати ин гуфта аст.

   Солҳои қаблӣ роҳи мазкур ҳамасола ба муддати 6-7 моҳ аз сабаби фаромадани тарма ва ҳодисаҳои дигари табиӣ баста мешуд. Ягон идораи нигоҳдории роҳ қудрати дар давоми сол мавриди истифода будани онро кафолат дода наметавонист. Замони мавҷуд набудани роҳи муносиб дар ин самт истифодабарандагони роҳ ҳамарӯза бо мушкилоти зиёд дучор гашта, шумораи зиёди одамон ҳатто ҷонашонро аз даст додаанд. Ҳоло ба шарофати фаъолияти «IRS», фароҳам омадани шароити муносиб чунин хатарҳо бартараф шуда, аҳолӣ тамоми сол аз истифодаи роҳи автомобилгарди ба меъёрҳо ҷавобгӯ бархӯрдор аст.

Ибтикороти амалишуда то ҳадде самар овард, ки аз ҷониби соҳибназарон, хоса онҳое, ки қаблан аз мавҷудияти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқод мекарданд, эътироф гардид, ки бинобар надоштани нигоҳбони масъулиятшиносе чун «IRS» роҳҳои дигаре, ки ба тозагӣ навсозӣ шудаанд, дар муддати кӯтоҳ рӯ ба вайронӣ оварда, аксарият вазъи ногувор доранд.

Ба шарофати корҳои амалишуда аҳли ҷомеа низ ба моҳияти масъала сарфаҳм рафтанд ва зарурату манфиати мавҷудияти ширкати мавриди назарро дарк карданд. Арзи сипос аз ҷониби ронандагону мусофирон, қаноатмандии роҳбарони сохторҳои давлатӣ, баҳои баланди меҳмонони хориҷӣ ба фаъолияти «IRS» солҳои охир падидаи маъмул аст.

Бориши пуршиддати барф ва тармафароии зиёд, ки рӯзҳои охир дар роҳҳои мошингарди Душанбе -Чаноқ ба амал омад, барои «IRS» санҷиши навбатии ҷиддӣ буд. Бидуни муболиға метавон гуфт, ки кормандони Ширкат ин навбат низ аз уҳдаи иҷрои масъулияти доштаашон бо сарбаландӣ баромаданд. Техникаҳои зиёди «IRS роҳро дар фурсати кӯтоҳ аз барф тоза намуда, коркарди роҳ бо маводи зиддилағжиш мунтазам буд. Ҷанбаи дигари қобили таваҷҷуҳ ва арзандаи ситоиш бетаъхир бартараф намудани тармаҳо мебошад, ки аз омодагии ҷиддии масъулин ба мавсими сармо шаҳодат медиҳад.

Бо хулоса аз корҳои анҷомёфта метавон гуфт, ки мавҷудият ва фаъолияти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манфиатовар, тақозои замон буда, маҳз ба шарофати фаъолияти пурмаҳсули кормандони он роҳи Душанбе – Чаноқ дар ҳолати хуб қарор дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД