goodwell
Васияти падар
16.08.2026
Oila.tj
42

Падари боимон ва ботақвое фарзанди бетавфиқе дошт, ки нисбати насихатхои падараш бепарво буд ва бо ҷавонон ба айшу ишрат ва вақтро беҳуда гузарондан машғул буд. Падар аз ин ҳоли ӯ дар ранҷу азоб буд. Вақте ки мариз шуд, фарзандро ба назди худ хонд.

- Писарам ваъда деҳ, ки дигар як умр ботаҳорату намозу рӯза ва меҳнати ҳалол хоҳӣ гашт ва аз гуноҳҳоо тавба карда, худро ислоҳ намуда, ба роҳи бад нахоҳӣ рафт.

Писар сукут кард ва ҷавобе нагуфт.

Падар маҳзун шуда гуфт:

- Хааайр, ваъда деҳ, ки як хохиши охирони маро иҷро мекунӣ.

Писар:

- Кадом хоҳишро ?

Падар:

- Вақте ман даргузаштам, ту ба масҷиди маҳаллаамон омада фақат чил рӯз намозҳоро бо ҷамоат мехонӣ ва дар ҳақи ман дуои хайр менамоӣ! Давоми ин чиҳил рӯз пора намегирӣ, пора намедиҳӣ, касеро оғор намедиҳӣ ва ба айшу ишрат машғул намешавӣ.

Писар:

- Ҳамин қадар, тамом?!

Падар:

- Бале!

Писар қабул кард ва ваъдаи иҷро дод...

Писар падарро дафн карда, аз паи иҷрои васияти падар шуд.

Дар муддати ин чиҳил рӯз писар худаш надониста ва нохоста тағйир ёфт. Гуноҳҳояш, зулм ва таҳқири инсонҳо акнун дар назараш манфур гардида буданд. Ҳаёти пешинаи худро пеши руй оварда, шарму ҳаё мекард. Писар аз беандешагии худ пушаймон шуда буд ва гирякунон рӯзҳоеро ба хотир меовард, ки панду насиҳати падари мушфиқашро гӯш намекард ва ӯро беҳурматихо менамуд.

Баъд дарк намуд, ки чӣ қадар падари вай хирадманд будааст, ки ҳаёти ҷоҳилонаву ғофилонаи ӯро дида, чунин васият кардааст. Ин чиҳил рӯз фурсате шуданд, ки падар аз зиндагии худ андешад ва тағйир пазирад. Барои ҳар яки мо ҳам дар ҳаёт чунин фурсат лозим аст. Фурсате, ки аз амалҳои хеш андеша кунем ва сабақ бигирем.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД