35 years of independency
Ваъдаи сафар ба Ҳаҷ ва Аврупо. Боздошти ду қаллоб дар Ӯзбекистон
25.09.2026
Oila.tj
174

Дар вилоятҳои Намангон ва Фарғонаи Ӯзбекистон ду нафар бо гумони гирифтани маблағ барои ташкили сафари шаҳрвандон ба Арабистони Саудӣ ва Аврупо боздошт шудаанд.

Дар Намангон як сокини 22-сола ба ду сокини ноҳияи Тӯрақӯрғон ваъда додааст, ки онҳоро барои кор ба Хорватия мефиристад. Ба гуфтаи ӯ, ин кор тавассути шиносонаш ташкил карда мешуд. Барои хизматрасонӣ ӯ 3,6 ҳазор доллар талаб кардааст. Ҳангоми гирифтани қисми аввали маблағ, аз ҷониби кормандони Хадамоти давлатии амният ва Департаменти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии Ӯзбекистон боздошт шудааст.

Дар вилояти Фарғона бошад, як сокини 57-солаи ноҳияи Бувайдо ба ду нафар пешниҳод кардааст, ки сафари онҳоро ба Арабистони Саудӣ барои анҷоми Умра ташкил мекунад. Ӯ, бидуни доштани ваколатҳои дахлдор, аз онҳо 2,2 ҳазор доллар гирифтааст ва баъдан аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ӯзбекистон боздошт шудааст.

Дар робита ба ҳар ду ҳолат тибқи моддаи 168-и Кодекси ҷиноятии Ӯзбекистон (қаллобӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД