Arzon march 2024
Ҳуқуқшиноси тоҷик Дилрабо Самадова ба ҷоизаи Мартин Энналс пешбарӣ шуд
267

Ҳуқуқшиноси ҷавон ва муваффақи тоҷик Дилрабо Самадова ба дарёфти ҷоизаи бонуфузи байналмилалии ба номи Мартин Энналс пешбарӣ шудааст. Ҷоизаи мазкурро ҷоизаи Нобелӣ дар бахши ҳуқуқи инсон низ меноманд.

Дилрабо Самадова яке аз ҳуқуқшиносони маъруфи тоҷик ба шумор рафта, ба ҳайси Директори иҷроияи “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” фаъолият менамояд. Самадова тез-тез тариқи васоити ахбори омма дар мавзуҳои гуногуни ҳуқуқи инсон баромад мекунад ва махсусан дар масоили дифоъ аз ҳуқуқҳои сарбозон яке аз коршиносони маъруф мебошад.

Дилрабо Самадоваро барои бо нигоҳи нав ва эҷодкорона, тариқи мусиқӣ ва санъат инъикос намудани масоили дифоъ аз ҳуқуқҳои инсон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба дарёфти ҷоизаи ба номи Мартин Энналс пешбарӣ намудаанд. Ҳуқуқшиноси тоҷик ба даври финалӣ роҳ ёфтааст. Натиҷаи ниҳоӣ рӯзи 19-уми ноябр эълон шуда, маросими супурдани ҷоиза дар Женева баргузор хоҳад гашт.

Ҷоизаи байналмилалии ба номи Мартин Энналс соли 1993 таъсис дода шуда, барои дифоъ аз ҳуқуқҳои инсон ба ҳуқуқшиносони варзида тақдим мегардад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД