Arzon march 2024
Усулҳои халқии табобати ҷигар
23.12.2024
ОИЛА.ТҶ
291

Салом! Ман дар бисотам ҳамагӣ як духтар дорам ва ҳаётамро бидуни ӯ тасаввур карда наметавонам. Чанд вақт боз духтарам худашро бад ҳис мекунад. Рангаш ба мисли беморон зард шудааст, дилаш беҳузур мешавад, қуввату мадор надорад. Ёд дорам, ки замоне табиби машҳури халқӣ Садриддиншоҳ Насриддиншоев ба беморон маслиҳатҳои судманд медод. Ман ҳам бо ҳамин умед муроҷиат намудам, ки шояд ин табиби ҳозиқ ягон роҳи осони табобати духтарамро мегӯяд.

НАСИБА, сокини шаҳри Норак

Ба хотири посух гирифтан ба саволи хонандаамон мо ба табиби маъруф Садриддиншоҳ Ҷалолӣ муроҷиат намудем. Табиб гуфт:

- Зарпарвин аз зумраи бемориҳои вирусии сироятӣ ба шумор рафта, ба зудӣ аз шахси бемор ба одамони солими дар атрофаш буда мегузарад, бинобар ин, ҳатман ба таври фаврӣ духтури сироятшинос муроҷиат кардан лозим аст. Бояд хуну пешоби маризро супорида, ташхиси ултрасадоро гузаронанд ва сарчашмаи бемориро аниқ намоянд. Мабодо ба зардпарвин гирифтор шуда бошад ё ҷигараш илтиҳоби тунд дошта бошад, ҳатман ӯро дар касалхонаи бемориҳои сироятӣ хобондан лозим аст. Дар радифи доруву дармонҳое, ки табиби бемориҳои сироятӣ мефармояд, метавонед аз тавсияҳои мо, ки баҳри пок сохтани ҷигар кӯмак мерасонанд, истифода баред.

Нусхаи аввал

Пудинаи кӯҳӣ, чойкаҳак, газна ва бодиёнро нағзакак омехта намуда ду қошуқ аз ин таркибро дар ним литр оби ҷӯш дам партоед ва пас аз ду соат соф карда ба зарфе бигиред. Ҳар рӯз се-чор маротиба ним пиёлагӣ аз ин гиёҳоб ба писаратон нӯшонед, ҷигараш ба зудӣ пок мегардад.  

Нусхаи дуюм

Решаи гиёҳи талхияшонро майда кунед ё аз гӯштқиммакунак гузаронед ва ба ҳамон андоза асалро илова намуда ҳар рӯз се маротиба пеш аз хӯрок ним қошуқи ҷойхӯрӣ аз ин даво ба бемор хӯронед.

Нусхаи сеюм

Як қошуқ аз реша ё пӯсти майдакардашудаи зелолро дар 200 грамм об муддате ҷӯшонеду дар давоми рӯз кам-кам ба бемор диҳед.

Садриддиншоҳ Насриддиншоев мегӯяд, оби сабзӣ, анор, лимӯ, турб, каду ва мош барои касоне, ки ба зардпарвин гирифтор шудаанд, муфид аст. Бемороне, ки мубталои зардпарвин ҳастанд, бояд аз хӯрдани ғизоҳои бирён, тунд, тез, равғани ҳайвонот ва хӯрокҳои дерҳазм худдорӣ намоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД