Arzon march 2024
Устоди аввалинам модарам буд
604



Абдуқаҳҳор Ҳамдамов 49-сол дорад. Ба мард буданаш нигоҳ накарда, зиёда аз 30-сол боз бо қолинбофӣ машғул аст. Ин марди гулдаст ҳунари қолинбофиро аз падараш Абдуҷаббор Ҳамдамов ва модараш Муҳаббат Шорофиева ҳанӯз замони кӯдакӣ омӯхта, дар бадали солиёни зиёд тамоми нозукиҳои ин касбро аз худ намудааст.

Имрӯз Абдуқаҳҳор Ҳамдамов яке аз қолинбофони номии ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Ӯ дар шаҳри Истаравшан коргоҳи қолинбофии худро дорад. Дар ин коргоҳ бофтани қолин пурра дастӣ сурат мегирад.
Қолинбофӣ аз зумраи ҳунарҳои қадимии халқи тоҷик ба ҳисоб рафта, гузаштагони мо ҳазорсолаҳо бо ин пеша машғул буданд, вале солҳои охир сафи ҳунармандони қолинбоф кам шуда истодааст. Айни ҳол дар шаҳри Истаравшан оилаи Ҳамдамовҳо бо роҳбарии Абдуқаҳҳор Ҳамдамов ин ҳунари зебои қадимиро идома медиҳанд.
"Бо вуҷуди он ки технология хеле рушд намудааст, қолинҳои дастбоф то имрӯз дар тамомӣ дунё муштариёни бешумори худро дорад. Тамоми асбобу ускунае, ки гузаштагонамон ҳангоми қолинбофӣ истифода мебурданд, бо ҳамон шакли пешинаш мо онҳоро ҳифз кардаем. Ман солҳост, ки бо ин касби қадимаи бобоӣ машғулам ва то ҳадди имкон кӯшиш мекунам. ки нақшу нигорҳои қадимиро аз нав эҳё намоям"- мегӯяд ин марди ҳунарманд.
Тавре ки гуфтем, қаҳрамони мо аз хурдсолӣ ба ин ҳунар дил бохтааст. Меҳнати доимии волидайнаш барои зуд аз худ кардани ҳунари қолинбофӣ барояш кӯмак мекард ва ҳамин буд, ки бо мурури замон Абдуқаҳҳор ин ҳунари зеборо аз худ намуда, аввалин дастранҷашро ба модараш бахшид.
Соли 2003 Абдуқаҳҳор Ҳамдамов коргоҳи хусусии тиҷоратию истеҳсолиии қолинбофии дастиро ташкил намуд ва то имрӯз коргоҳи мазкур қолинҳои фармоиширо истеҳсол менамояд. Қолинҳо вобаста ба хоҳиш ва талаботи фармоишгар бофта мешаванд. Айни ҳол дар ин коргоҳ зиёда аз 20 нафар кору фаъолият доранд.
"Дар коргоҳи мо барои коркарди пашм зиёда аз 15 нафар фаъолият доранд. Онҳо пашмро дар хонаҳои худ коркард намуда ба коргоҳ меоранд. Коргарди пашм кори хонагӣ ба ҳисоб меравад, аз ҳаимн хотир ба ин кор занҳои хонашинро ҷалб намудаем. Ашёи хоме, ки аз он пашм омода месозанд аз фермерҳо дастрас мегардад. Барои бофтани қолин бошад, шаш нафар кор мекунанд." - мегӯяд устои қолинбоф.
Назар ба гуфти Абдуқаҳҳор Ҳамдамов қолинҳои дастибофт аз назари экологӣ тоза буда, нисбат ба қолинҳои техникисохт боқувваттаранд.
"Тамоми маҳсулоте, ки дар бофтани қолин истифода мешавад, табииянд, ҳатто рангҳое, ки барои рангубори ришта истифода мебарем, аз гиёҳҳои табиӣ омода мешаванд. Аз ин лиҳоз қолинҳои дастибофт аз ҷиҳати экологӣ тоза буда, арзиши онҳо нисбатан баландтар аст”-мегӯяд қаҳрамони мо.
Дар қолинҳои бофтаи Абдуқаҳҳор Ҳамдамов манзараҳои зебои табиат, маконҳои таърихӣ ва расмҳои гуногун тавассути риштаҳо бофта мешаванд. Ҳамзамон хоҳишмандон вобаста ба талаботи худ қолин фармоиш медиҳанд. Солҳои охир ба қолинҳои усто Абдуқаҳҳор таваҷҷӯҳи мардуми хориҷӣ бештар шудааст.
Қаҳрамони мо баробари машғул шудан ба қолинбофӣ, ҳамзамон дар ташкилоти байналмиллалии ЮНИДО ҳамчун мутахассиси соҳаи қолинбофӣ фаъолият мебарад. Ӯ барои омӯзонидани ҳунари қолинбофӣ ва зиёд кардани малакаи ҳунармандони қолинбоф дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат тренинг ва курсҳои омӯзишӣ мегузаронад. Тавассути ҳамин талошҳо сол то сол таваҷҷӯҳи мардум ба омӯзиши чунин ҳунарҳои қадимӣ зиёдтар шуда, ба рушди ҳунару ҳунармандӣ дар кишварамон мусоидат менамояд.
Абдуғаффор Шодиев

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД