Ҳусния Муҳиддинова, модари ҷигарпорае, ки дар давоми 5-сол се писари баркамолашро аз даст додааст, сокини ҷамоати деҳоти Тағояки ноҳияи Спитамен (пештара Нов) буда, имрӯз дар ҳавлии мисли лонаи чуғз хлигаштааш бо оҳу нолаи ҷонсӯз зиндагӣ мекунад.
Холаи Ҳусния бо нӯги рӯймол оби дидагонашро поккунон мегӯяд:
-Худованд рӯи сиёҳи ба сари ман омадаро ба сари душман наорад. Наход дар ҷавонӣ шабу рӯз гарму сард нагуфта дар саҳро кор кунию дами пирӣ ба доғи фарзанд гирифтор гашта, зиндагиат бадтар аз марг шавад?! Ман ҳам мисли дигар модарон шабро шабу рӯзро рӯз нагуфта, ҷон мекоҳондам, то бачаҳоям аз чизе кам набошанд. Умед доштам, ки фарзандонам калон шуда, фардо дар зиндагӣ дастгиру мададгораммешаванд. Ману шавҳарам бо сад орзуву умед худамон нахӯрда, луқмаи даҳонамонро ба даҳони бачаҳоямон мемондем, ки дар пирӣ асои дастамон шаванд, аммо тақдири шум дидани роҳати фарзандро ба мо насиб надида, моро дар ҳасрату фироқи се лахти ҷигарамон сӯзонд.
Бачаҳоям Русия рафта гумроҳ шуданд
Ба гуфти худи кампир фарзандонаш Насимхон, Наҷмиддин ва Акмал Ҳошимовҳо мисли дигар ҷавонмардони тоҷик ба Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта меомадаанд ва дар ғарибӣ ба доми гурӯҳҳои хатарнок афтида. Гумроҳ шудаанд. “
Ростӣ, дар ғурбат чи кор карданду бо киҳо ҳамнишин нашуданд, намедонам, чунки саводи кофӣ надорам, вале баъди аз муҳҷират баргаштанаш писарам Акмал Наҷмиддиновро дар пайравӣ бо гурӯҳҳои мамнӯъ айбдор намуда, маҳбас карданд. Вақте ки ба писарам ҳукми 28-соли маҳрумият аз озодиро эълн карданд, дунё дар назарам якбора тираву тор гашт. Ба ҳар ҳол умед доштам, ки як сол не, як сол тибқи Қонуни Афв озод мешавад ё мӯҳлати ҷазояшро кам мекунанд, вале афсӯс, ки соли 2019 дар маҳбаси шаҳри Ваҳдат писарам мурд.
Писари дуюмам Наҷмиддин дар русия буд. Пас аз он ки ддарашро ҳасб карданд, аз тарси он ки ӯро ҳам дошта суд мекунанд, аз Русия ба Покистон ва аз он ҷо ба Афғонистон рафтааст. Соли 2019 ҳанӯз ғами як фарзандам дур нашуда, хабари марги писару дуюмам бо ҳамсараш расид. Кормандони мақомот ба шавҳарм гуфтаанд, ки писару келинатон дар Афғонистон ҳалок шудаанд, аммо се набераатон зиндаанд. Онҳоро ба Ватан оварда даркор, агар шумо розӣ бошед, мо барои ҳуҷҷатгузорӣ мусоидат мекунем.
Шавҳарам розӣ шуданд ва ба он кишвари ҷангзада рафта, муддати 10 рӯз сарсону саргардон шуда, се нишонаи писарам.
Наҷмиддинро ёфтан оварданд...
Ин модари ҷигарпора дар аснои нақли саргузашти талхи фарзандонаш чунон оҳи бадарде кашид, ки гумон кардам замину осмон ҳам баробари ӯ ба гиря даромад, аммо қалам дар тасвири дарди дили ин модари хунҷигар оҷиз монда, тавассур кардани ҳоли зорӣ ӯ басо мушкил аст.
Насимхонам аз ғами додаронаш ба саратон печиду...
Аз рӯйи нақли модар, писари хурдиаш Акмал дар синни 33-солагӣ ва писари дуюмаш Наҷмиддин дар синни 35-солагӣ ба ҳалокат расида, ягона ноновари хонадон-писари калониаш Насимхон аз ғами бардарони ҷавонмаргаш ба касалии саратон гирифтор шудааст.
“Писарам дар ғами ду додари ғӯрамагашт дарун ба дарун сӯхта, оқибат ба бемории саратон гирифтор шуд. Бо вуҷуди беморӣ буданаш кор карда ману падараш, зану духтараш ва 3 фарзанди ятими додарашро мехӯронду мепӯшонд, аммо тани абгоршудааш дарду ғамро набардошта, соли 2020 дар синни 41-солагӣ аз саратон вафот кард”-мегӯяд модар зор-зор гириста.
Баъди марги охирин писараш келини хонадон ҳам бо духтараш аз хона баромада рафтааст. Имрӯз холаи Ҳусния бо шавҳараш ва се ятими аз Наҷмиддин нишона танҳо зиндагӣ мекунанд.
Рӯзе, ки мо ба хонаи ин модари ҷигарсӯхта рафтем, тоқи хона пури китобҳои дарсӣ буд. Модар ба китобҳои нигоҳ карда гуфт:
-Шукр, ҳар се набераҳоям боинсофу боодоб ва ба китобхонӣ шавқманд. Дуо мекунам умри ба волидонаш насиб нашударо худо ба онҳо диҳад ва соҳиби илму савод гашта, мисли волидонашон гумроҳ нашавад.
Ҳадаф аз нақли саргузашти пурдарди ин модар он аст, ки тақдири талхи ин оила ба дигарон дарси ибрат гашта, кӯшиш намоянд, ки фарзандонашонро тарбияи нек дода, ба роҳи дурусти ҳаёт равона созанд, то ба чунин рӯзҳои сиёҳ гирифтор нашаванд. Ҷавонон ва волидони азиз, ҳар лаҳзаи ҳаёт ғанимат буда, инсон бояд ба қадри зиндагӣ, ба қадри Ватан ва ба қадри озодӣ бирасад. Фаромӯш накунед, ки Ватан ҳам мисли модар азиз ва муқаддас аст!
Фарзона Муродӣ
Хуҷанд- Спитамен-Хуҷанд