Сармураббии дастаи “Вахши”-и Бохтар Зариф Усмонов беҳтарин мураббии моҳи апрел дар Лигаи олии Тоҷикистон эътироф гардид. Дар ин бора Лигаи футболи Тоҷикистон хабар додааст.
Зери роҳбарии ӯ даста дар чор бозии моҳ се пирӯзӣ ба даст овард, як бозии дигараш мусовӣ хотима ёфт. Ин имкон дод, ки “Вахш” моҳи апрелро дар садри ҷадвали Лигаи олӣ ба анҷом расонад.
Ҷоизадорони Лигаи олӣ бо маблағи 3 000 (се ҳазор) сомонӣ аз ҷониби Лигаи футболи Тоҷикистон қадрдонӣ мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки сармураббии дастаи “Ҳулбук”-и ноҳияи Восеъ Ҷалолиддин Маҷидов беҳтарин мураббии моҳи март дар Лигаи олӣ эътироф гардида буд.