Агентии “Тоҷикстандарт” тариқи шабакаи “Фейсбук” ронандагонро ҳушдор додааст, ки баъзе фурӯшандагон аз якбора сард шудани ҳаво ва боришоти зиёди барф истифода бурда, антифризи бесифатро дар бозорҳои кишвар ба савдо гузоштаанд.
“Антифриз” моеъи зиддисардӣ мебошад, ки дар фасли сармо барои аз ҳад зиёд гарм нашудани муҳаррики мошин ба ҷойи об истифода мешавад.
Дар огоҳии “Тоҷикстандарт” гуфта мешавад, ки бо фаро расидани фасли зимистон талабот ба моеъи зиддисардӣ зиёд мешавад ва аз фурсат истифода карда, дар бозори дохилӣ баъзе фурӯшандагон навъҳои пастсифату ғайристандартии “антифриз”-ро ба харидорон пешниҳод мекунанд.
“Кормандони Агентии Тоҷикстандарт теъдоди зиёди моеи зиддисардии антифризи ғайристандартиро аз нуқтаҳои фурӯш ва бозорҳо борҳо гирифта бошанд ҳам, баъзе фурӯшандагон барои ба даст овардани даромади муфт ба чунин корҳо даст мезананд. Дар баробари ин, фурӯшандагоне низ ҳастанд, ки ҳангоми қабули молу маҳсулот ба сифату намуди мол беаҳамиятӣ зоҳир мекунанд, ки дар натиҷа ба харидор зарари моддӣ мерасонанд”,- омадааст дар хабар.
“Тоҷикстандарт” таъкид кардааст, ки истифодаи “антифриз”-и бесифат дар рӯзҳои сард ба ҳолати воситаҳои нақлиёт зарари ҷиддӣ мерасонад, аз ин рӯ, харидоронро зарур аст, ки ба тавсияҳои мутахассисон аҳамият дода, ҳуқуқҳои истеъмолии худро ҳимоя кунанд ва аз фурӯшанда сертификати мутобиқати маҳсулотро талаб намоянд.
“Ҳангоми харидории “антифриз” ба сифати он диққат дода, аз харидории маҳсулоти шубҳанок худдорӣ кунед, дар сурати поймол гардидани ҳуқуқҳои истеъмолиатон ба Агентии Тоҷикстандарт дар нишонии шаҳри Душанбе, кӯчаи Неъмат Қарабоев 42/2 ё бо рақамҳои 2-33-68-69, 2-33-44-99 муроҷиат намоед”,- навиштааст агентӣ.