Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон огоҳ мекунад, ки рӯзҳои оянда низ хатари лағжиши тарма дар роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ ва навоҳии ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон боқӣ мемонад.
Бино ба иттилои КҲФ, дар ноҳияҳои наздикӯҳии вилояти Хатлон омадани селҳо дар назар дошта шудааст.
Дар ҳамин иртибот, аз сокинон хоҳиш карда мешавад, ки дар ин рӯзҳо аз сафарҳои безарурат ба минтақаҳое, ки эҳтимоли лағжиши тарма ва регу санг доранд, худдорӣ намоянд.
- Рафтан ба доманакӯҳҳо барои ғунучини гиёҳҳои доруворӣ, ҳезум, ба шикоргоҳҳо барои шикор ва соҳили обҳо барои моҳидорӣ маслиҳат нест. Сокинон бояд каналу ҷӯйборҳо ва селроҳаҳои назди манзили зисти худро сари вақт тоза кунанд,- меафзояд манбаъ.
КҲФ ҳамчунин ба ронандагон ва дӯстдорони кӯҳгардӣ муроҷиат мекунад, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ қоидаҳои бехатариро ҷиддан риоя намояд.