- Тибқи маълумоти пешакӣ, то охири ҳафта дар ҷумҳурӣ ҳавои нисбатан гарм боқӣ мемонад. Боридани борфу борон ва ҳарорати аз сифр боло метавонад боиси лағзиши тарма, резиши сангу рег дар роҳҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ шавад. Туман дар субҳгоҳон аз эҳтимол дур нест,- иттилоъ дод Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи кишвар.
Дар робита ба ин, КҲФ ба хотири ҷилавгирӣ аз садамаҳои нақлиётӣ дар роҳҳо ба ронандагон хотиррасон мекунад, ки то ҳадди имкон эҳтиёткор бошанд, қоидаҳои ҳаракатро риоя кунанд, суръати ҳаракатро боло набаранд, фосилаи байни мошинҳоро қатъӣ риоя намоянд. Пеш аз сафар омодагии мошинҳоро бисанҷанд, чархҳои тобистонаро бо зимистона иваз кунанд. Талош кунанд мошинашон бо доруқуттии пур аз доруҳои зарурӣ таъмин бошад.
- Бидуни телефонҳои мобилии омода ба сафар баромадан мумкин нест. Дар гарм кардани хонаҳо низ бояд аз эҳтиёт кор гирифт. Истифода аз печҳои дастсохти барқӣ хатар дорад. Ҳангоми истифода аз ангишт низ қоидаҳои бехатариро бояд риоя кард!,- меафзояд манбаъ.