Formula novemver 2024
Ҳушдори дубора аз селу жола ва баландшавии оби дарёҳо
508

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, рӯзҳои 4-5-уми майи соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ боришоти бошиддат пешгӯӣ шуда, дар баъзе минтақаҳои доманакӯҳию кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, Суғду Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бошиддат меборад.

Инчунин, дар баъзе аз ноҳияҳо ба амал омадани раъду барқ ва боридани жола аз эҳтимол дур набуда, ҳангоми раъду барқ шиддатёбии вазиши шамол бо суръати то 15-20м/с дар назар аст.

“Рӯзи 3-юми май дар баъзе минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, 4-5-уми май дар бештари минтақаҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ноҳияҳои доманакӯҳию кӯҳии вилояти Суғд, ноҳияҳои алоҳидаи вилояти Хатлон (Ховалинг, Муъминобод, Шамсиддини Шоҳин, Балҷувон, Восеъ, Ёвон, Хуросон ва шаҳри Кӯлоб), инчунин ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сар задани зуҳуроти сел пешгӯӣ мешавад”,- гуфт манбаъ.

Ҳамзамон, рӯзҳои 4-5-уми май бо сабаби ба амал омадани боришот дар дарёҳои Ёхсу ва Қизилсу (ҷанубӣ) баландшавии сатҳи об дар назар аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД