Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ба диққати шаҳрвандон мерасонад, ки рӯзҳои охир ҳолатҳои қаллобӣ дар сомонаҳои интернетӣ зиёд шудаанд.
Тавре манбаъ меафзояд, шахсони қаллоб эълонҳоеро нашр мекунанд, ки ҳангоми тамос гирифтан аз шаҳрвандон пешпардохт талаб менамоянд. Пас аз гирифтани маблағ, онҳо алоқаи худро қатъ намуда, рақамҳои телефонашон низ ғайрифаъол мешавад.
РВКД тавсия медиҳад, ки барои пешгирӣ аз чунин ҳолатҳо шаҳрвандонро мебояд:
1. Ҳеҷ гоҳ ба шахсони ношинос пешпардохт ирсол накунед. Маблағро танҳо пас аз гирифтани мол ё хизматрасонӣ супоред.
2. Маълумоти фурӯшандаро тафтиш намоед. Агар шубҳа дошта бошед, маълумоти иловагӣ ё акси дигарро талаб кунед.
3. Ба эълонҳое, ки нархи паст доранд, бо эҳтиёт муносибат намоед. Ин метавонад найранги фиребгарон бошад.
4. Дар бораи амалиётҳои шубҳанок хабар диҳед. Дар сурати рӯ ба рӯ шудан бо чунин ҳолатҳо, фавран ба мақомоти корҳои дохилӣ муроҷиат кунед.
- Дар хотир доред, ки амнияти шумо дар дасти худи шумост! Агар шумо қурбони ҳамин гуна қаллобон гардидед, фавран ба шуъбаи наздиктарини милитсия муроҷиат намоед ва ё бо рақами 102 дар тамос шавед!,- меафзояд манбаъ.