Хатои сокини шаҳри Конибодом Кабирхон Атахонови 25-сола як хонаро ба мотамсарой мубаддал гардонд. Ин ҷавони хундарҷӯш бо суръат аспи оҳаниашро дар кӯчаҳои шаҳр тозонда, ҳатто ба гӯшаи хаёлаш ҳам намеовард, ки “оҳиста рав-пайваста рав” гуфтаанд...
Ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Айнии шаҳри Конибодом Кабирхон аз ӯҳдаи идора кардани мошини сабукрави тамғаи “Опел-Зафира” набаромада, пиёдагард Қаҳҳоров Ҳусейнбойи 52-соларо зер кард. Ҳодиса тахминан соатҳои 20:55 дақиқаи шом рӯй дода, роҳгузарон зуд ба имдод шитофтанд, аммо...
Пиёдагард бар асари ҷароҳатҳои вазнини бардоштааш ба бемористон нарасида, ба ҳалокат расид.