Ҳусейн Баҳром Ализода “Беҳтарин муаллими соли 2025” дар Душанбе эълон шуд
186

Дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе даври шаҳрии озмуни “Муаллими сол-2025” баргузор гашт.

Дар озмун ғолибони даври ноҳиявӣ Зарина Азизова, муаллимаи синфҳои ибтидоии гимназии №2-и ноҳияи Шоҳмансур, Муродалӣ Сайёдзода, омӯзгори фанни математикаи мактаби махсуси назди Раёсати маорифи шаҳри Душанбе (аз ноҳияи Исмоили Сомонӣ), Гулчеҳра Ғиёсова, муаллимаи забони русии гимназии №74-и ноҳияи Фирдавсӣ ва Ҳусейн Баҳром Ализода, омӯзгори фанни биологияи Литсейи ба номи Умари Хайём ширкат варзида, барои сазовор гаштан ба номи баланд ва пурифтихори “Беҳтарин муаллими сол” рақобат намуданд.

Дар озмун Ҳусейн Баҳром Ализода, омӯзгори фанни биологияи Литсейи ба номи Умари Хайёми ноҳияи Синои пойтахт ғолиб омада, “Беҳтарин муаллими сол” эълон карда шуд. Ғолиби озмун бо грамота ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ гардид.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД