Sebiston new 2024 october
Ғуруби ситора Қисми 4
09.04.2022
ОИЛА
2188

Наҷотбахши махуф

Риштаи андешаҳояшро омадани писараш барканд, Афшин дастовези овардаашро рӯи миз гузошта, бо ӯ гарм авҳолпурсӣ кард. Ансор аҳволи келину набераҳояшро пурсид, Афшин бо меҳрубонии зиёд ба саволҳои падар ҷавоб дода, хабар дод, ки чанд рӯз пас аз беморхона рухсатӣ мешаведу насиб бошад, ба ҳавлӣ меравем. Бачам, агар ризо бошӣ, ман ба ҳамон хонаи маркази шаҳр меравам, буридани поям бароям як саддамаи рӯҳӣ шуд. Гӯшаи танҳоӣ мехоҳам… Э не, ҳавлӣ меравем, ду пояшро ба як мӯза тиқонда такрор мекард Афшин, вале Ансор бо ҷиддият амр кард:- Не, ман танҳоӣ мехоҳам. Сафия (духтари донишҷӯи Афшинро дар назар дошт) гоҳ-гоҳе ҳамроҳиям кунад бас! Афшин дигар баҳсро бо падар ҷоиз надида аз ҷояш хестанӣ буд, ки Ансор гуфт, ҳаққи духтуронро хубтар деҳ, бечораҳо меҳнат карданд.Дадаҷон духтур мегӯяд, ки ҳаққи онҳоро ташкилоти хориҷие пардохт кардааст, як фонд будааст ба ҳунармандони собиқадор кӯмак менамудааст. Ансор, ҳайрон шуда бо писараш хайру хуш кард ва баъд духтурро ба наздаш даъват карда аз наҷотбахши махуфаш пурсид. Устод, як фонд кушода шудааст он ба шумо барин инсонҳои машҳур хизмат мекунад, чанде пеш як рассомро низ аз ҳисоби онҳо ҷарроҳӣ кардем. Чун шумо ин ҷо бистарӣ шудед, ман ба сардори он занг зада гуфтам, ки ҳамин гуна ҳофизи машҳур дар мо бистарист ва онҳо бо камоли майл кумак карданд ва гуфтанд, ки то як сол ҳама дорувориятонро ройгон таъмин мекунанд. Сарвари фонд як бонуи хеле зебост, ӯ ҳатто мухлиси шумо будани модари маро фаҳмида фиттаи сурудҳои аёми ҷавониятонро ба ман тақдим кард. Фақат мо ҳуқуқ надорем номи ӯро ба шумо гӯем, худаш аз сафари хидматӣ баргардад ба аёдататон меравад. Ансор Нисор дар чанд соли ахир бори аввал хурсанд, шуд, ки аққаллан касе пайдо шуда, ки меҳнати ӯро қадр мекардааст ва баъди ҷавоб шудан аз беморхона нишонӣ ва телефонашро ба духтур дода таъкид кард, ки наҷотбахшашро аз он огоҳ кунад.

                        Маъюб

Дар муҳити ороми хонаи се ҳуҷрагии барҳавои хушҷиҳоз, Ансор каме ба худ омад, Сафия ӯро хеле хуб нигоҳубин мекард. Духтарак ҳамроҳи бобои машҳураш зиста хизматашро ба ҷо меовард, то нисфирӯзи дар дарс буду баъд дар ҳузури бобояш. Як рӯз духтураш занг зада хабар дод, ки сарвари фонди гуфтагияш ба хабаргирияш мераваду соати 11-интизори меҳмон бошад. Сафия рӯи мизи ошхонаро хуб оро дода, ҳатто гуштбирён пӯхта монд, Ансор низ бо кумаки писараш оббозӣ карда либосҳои варзишии зебое пӯшида мунтазири меҳмон нишаст. Болои аробачаи маъюбияш назди оина рафта ба чеҳрааш назар афканд. Абрувону мӯйлабҳояш сафед шуда буданду ӯро хеле пир нишон медоданд, аз зебоии пешин осоре намонда буд… Занги дар садо доду Ансор онро кушод, дар остона Нигор меистод, ҳамон Нигори шуху беқарор. Б-биё, биёед канда-канда гуфт, Ансор. Нигор салом гӯён бепарво вориди хонаи ба ӯ кайҳо шинос гашт, ба ронандааш амр кард, ки халтаҳои овардаашро ба ошхона монда дар поён ӯро мунтазир шавад. Ансор бошад аз ин бархӯрд, ҳайрон ба Нигор нигоҳ мекарду намедонист, бигиряд ё бихандад. Салом, ҷаноби ҳофиз, ин манам ҳамон Нигори хира, ки ба ҳама номардиҳоят нигоҳ накарда то ҳол ишқи туро натавонистам аз дил берун кунам! Ансор дасти Нигорро миёни панҷаҳои шахшулаш гирифта беист мебӯсиду такрор ба такрор мегуфт:-Маро бубахш Нигорҷон. Илтимос аз ҷомаи романтика баро, ту шишаи бовари маро кайҳо шикастаи, аммо сад афсӯс ман яккадӯстдор будаам. Он рӯз сӯҳбати Ансору Нигор то дер тул кашид, Ансор ёрии Нигорро қабул карданӣ набуду мехост ҳама маблағи сарфкардаашро баргардонад, аммо Нигор исбот кард, ки ин маблағи ӯ несту маблағи фондест, ки маҳз инсонҳои номдори ба табобат ниёздоштаро дастгирӣ мекунад. Нигор ба Ансор нақл кард, ки идеяи ташкили ин фонд ба сараш баъди бемории шавҳараш зад. Зеро ҳамроҳи шавҳараш шоири машҳуре мехобид, ки барои табобат пул надошт, аввалин мизоҷи фонди онҳо ҳамон шоир буд. Шавҳарам аз олам гузашт, писарам дар фикри зиндагии худ, ман акнун гуноҳҳои дар ҷавонӣ содирнамудаамро бо ҳамин корҳои хайр мешӯям гуфт дар охир Нигор…

                      

Ду ҳамроҳему раҳпаймо…

Акнун Нигор ҳар лаҳзае, ки вақти холигӣ ёбад ба сӯҳбати Ансор мешитобад, байни онҳо ғайр аз сӯҳбат гарму нарм чойнушиҳои пурзарофату хотирмон чизе нест. Нигор Ансорро ҳамроҳаш ба Эрон бурду он ҷо пойи ориятияш шинониданд. Акнун саломатияш ҳам рӯ ба беҳбудӣ овардаву боз сӯҳбаторо шудааст. Афшин ин тағироти рӯҳии падарро дида ҳамроҳи хоҳараш аз ӯ хоҳиш кардаанд, ки ба Нигор хонадор шавад. Аммо Нигор ин хоҳиши фарзандони Ансорро рад кард, ман то зиндаам ҳамроҳи падари шумо мемонам, аммо муносибати мо ҷуз дӯстӣ дигар чизе нест… Аслан Ансор медонад, ки Нигор то ҳол ошиқи ӯст, зеро вақтҳои ғамгинияш сар ба шонаҳои фарохи ӯ монда ба андеша меравад. Ҳатто соатҳо дар як бистар ғел зада сӯҳбат мекунанд, аммо Ансор худашро медорад, ҳарқадар барояш душвор аст, вале намехоҳад дили Нигорашро биёзорад. Синнаш ба домани ҳафтод мерасаду Нигор бошад 48-сол дорад, ҳарчанд бӯйи диловези гесувони бону ӯро девона мекунанд, аммо… Ансор Нисор боварӣ дорад, ки рӯзе мерасаду Нигор мисли пешин бедареғ бӯсаборонаш менамояд, аммо кӣ медонад…

 

Нисо

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД