arzon replenishment
Ғуруби ситора Қисми 3
08.04.2022
ОИЛА
2126

Хиёнатзада

Пас аз чор–панҷ моҳи зангҳои телефонию изҳори муҳаббат Нигор боз ба оғӯши Ансор даромад. Ӯ ба рӯйи ишқу муҳаббати шавҳараш, ки аз Ансор дида зебою сарватманд буд, по гузошт, ба ӯ хиёнат кард…

Шавҳари Нигор мисли худаш дар ташкилоти бонуфузи хориҷие ифои вазифа мекард, тавассути ӯ Нигор низ соҳиби кори хубу маоши баланд, хонаю дари бошукӯҳ мошину тиллою бриллиантҳо буд. Мард зуд-зуд ба сафари хидматӣ мерафт, вале дилаш аз завҷаи нозанинаш пур буд. Ҳеҷ бовар намекард, ки зани нозанину намозхони ӯ, ки аз чизе камбудӣ надошт, ба осонӣ ба бағали ҳофизаки занбозе медарояд.

Давоми як моҳи дар сафари хизматӣ будани шавҳараш зан дар оғӯши Ансор буд. Баъди шаш-ҳафт моҳи вохӯриҳои ошиқона Ансор маъшуқаи ҷавон ёфту дигар Нигорро суроғ накард. Аммо дили омӯхтаи Нигор навозиши дигар мехост ва худаш Ансорро ҷӯстуҷӯ карда мерафт, аммо Ансор Нигорро дар ҷойи кораш сардакак қабул мекарду ҷавоб медод. Дигар хонаи бошукӯҳ, рахти хоби қимматбаҳою тарабхонаравӣ набуд. Аслан Нигор зани серпуле буду ҳеҷ гоҳ аз Ансор чизе намехост, вале мард дигар аз ӯ сер шуда буд. Ба зангҳои телефонии бону ҷавоб надода, ӯро ҷигархун мекард. Паёмакҳои пур аз меҳр, гиряву зории зани ошиқ ба дили сарди мард асаре надоштанд. Зеро ӯ булҳавас буду бо занҳои гуногун ҳамхоба мешуд. Борҳо ба бемориҳои нанговари ҷинсӣ печида бошад ҳам, худро табобат мекарду боз аз пайи айшу нӯшаш мегашт. Ба ҳоли Нигор бошад, зери лаб механдид, ки сад шаҳрӣ шуда бошӣ ҳам, қишлоқигият мондааст, наход гумон созӣ ман як умр бо ту мемонам. Эҳа дар ин дунёи сернигор, ҳар рӯз ошиқ нашавӣ гуноҳ аст! Чунин буд шиори ҳофиз…

                            

Дуои зани ошиқ

Ансор телефони дастияшро барои Нигор дастнорас карда бошад ҳам, ҷавонзан ба телефони корияш занг заду аз ӯ хоҳиш кард, ки бори охир бо ӯ вохӯрад. Ансор нею нестон кард, вале баъди каме андеша гуфт:

-Хайр, бегоҳ ман дар ҳамон ҷо туро мунтазир мешавам.

Нигор бегоҳ омад, ҳоли табоҳе дошт. Дар тан куртаи хонапӯшӣ, ҳатто сарашро дуруст шона накарда буд. Ансор аз азоб додани занҳои ошиқ кайфият мебурд, вагарна борҳо дар дил иқрор шуда буд, ки Нигор аз байни ҳама барояш ягона аст. Бо ҳамин аҳволи зор низ Нигор як зебоии хос дошт, зан аз дар даромадан замон худро пеши пойҳои Ансор партофта гирист:

-Ансорҷон, илтмос, ба ман раҳм намо, охир наметавонам як лаҳза бе фикри ту бошам. Майлаш бо ман вонахӯр, меҳрубониям масоз, фақат ба зангҳоям ҷавоб деҳ, шуд. Овозатро шунавам, бароям кофист…- Зан пойҳои Ансорро, ки болои роҳаткурсӣ нишаста, телевизор медид, мебӯсиду мегирист. Ансор аз ин зории зан худро султони олам ҳис карда, ҷавоб дод, ки наметавонам. Миёни мо дигар чизе буда наметавонад… Нигор хастаҳолона аз ҷояш хесту ду даст сӯи осмон бардошта пичирос зад:

-Худоё, худат шоҳид ҳастӣ, ки ин палид бо чӣ зориҳо маро дубора ба бистар кашид. Мани осии беандеша чӣ гуноҳ кардам, ки ишқи ӯро дар дилам ҷо кардӣ?!- Баъд ба Ансор рӯ оварда гуфт:-Барои маро ба хиёнат кашиданату баъд пушти по заданат, Худованд аз ду по маҳрумат созад! Нигор бо шаст аз дар баромад…

                              

                            Бегона

 

Баъд аз ин Нигор ба ӯ бегонаи бегона гашт, Ансор гоҳ-гоҳе дар маҳфил ё шабнишиние бо бону вомехӯрд. Зеро кори Нигор ба фарҳанг дахл дошт, аммо Нигор худро нодида мегирифт. Кӯшиш мекард, ки нигоҳашон ба ҳам наафтад, солҳо сипарӣ мегаштанду Ансор аз зинаҳои мансаб поин фаромад. Дигар саг суроғаш намекард, маъшуқаҳояш ӯро дида, раҳашонро дигар мекарданд. Оқибат ба беморӣ печид, диабети қанд вуҷудашро месӯзонд. Боре дар зинапояи як вазорат бо Нигор рӯ ба рӯ заданд, хонум худро як тараф гирифта, ба рӯяш нанигарист, Нисор хирагӣ карда, дасташро дошт ва гуфт:

-Одам аз мансаб мерафтааст, ҳатто ёрони ҷонияш ӯро намешинохтаанд.

Нигор бо як назокати хос дасташро аз дасти Ансор кашида, гӯё чизи макрӯҳеро қапида бошад, бафурсат аз сумкааш сачоқчаи намноки хушбӯе бароварда, дасташро пок карду посух дод:-Ҷаноб, ин эродатон ба ман умуман дахл надорад, зеро замоне ман шуморо мешинохтам, шумо ҳофизаки дайдуе будеду ҷуз як волгаи шалақ чизе надоштед! Баъди мансабдор шудан, шумо моро нашинохтед… Ансор дар нигоҳи бону нафрати олудаи надоматро дида, дилаш таҳ кашид. Баъд ана ҳамин беморхонаю, пойи бурида…

Давом дорад

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД