Arzon march 2024
Қурбони Собир: Чиптаи театр дар Туркия 70 $ аст
919

Чеҳраи ҳунарманди халқии тоҷик Қурбони Собир барои хонандаи ҳафтаномаи «Оила» бегона нест. Қариб тамоми хонандагон аз ҳунару истеъдод ва вазъи оилавии ин марди фозилу донишманд огоҳӣ доранд.

Аз ин рӯ, тасмим гирифтем аз даричаи дигар ба дунёи андешаҳои ин ҳунарманди соҳибистеъдод назар кунем.

Оё намоишномаҳои театрӣ дар тарбияи солеҳи фарзандон нақш гузошта метавонад? Чаро имрӯз мардум ба театр намеоянд? Вазъи пасти иқтисодию бепулӣ сабаби холӣ шудани толорҳои театр шудааст ва ё қонеъ нагаштани тамошобин? Оё воқеан театри тоҷик чизе барои тамошо кардан надорад? Ба ин ва дигар суолҳо аз суҳбати мо бо Қурбони Собир посух хоҳед гирифт.

-Салом устод, хуш омадед ба минбари ҳафтаномаи «Оила»! Қаблан сипосгузорӣ мекунем, ки даъвати моро пазируфтед…

-Ташаккур, вақте «Оила» барои нақш гузоштан дар солимии оила талош мекунад, чаро наоям?

-Шумо, ки дар театр собиқаи зиёда аз 40-солаи корӣ доред, нахуст мегуфтед, ки театр дар солимии оила ва комил шудани тарбияи фарзандон чӣ нақш гузошта метавонад?

-Яке аз бузургтарин ва нахустин ихтироҳое, ки башарият барои шакл додани фикр, барои ҷудо кардани бад аз хуб, савоб аз носавоб кардааст, ин театр аст. Як ҷое, ки мисли микроскоп як чизи хурдро бузург нишон медиҳад. Гуноҳро бузург нишон медиҳад, ки дигарон бинанд, ки ин гуноҳ аст ва ҳамин гуна ҷудо кардани хайру шар нахустин масъалагузориҳои театр аст. Тамоми намоишномаҳои кӯдаконае, ки рӯи саҳна меоранд, ҳатман дар дохилаш муборизаи хайру шар ҳузур дорад ва ҳар бачае, ки ба театр омадааст, мебинад, ки чӣ кора бояд анҷом тияд ва чӣ кора анҷом натияд. Ҳар намоишеро, ки нагирем, ҳатман он ҷо бадӣ маҳкум мешавад ва вақте дар афкори бача як афсонае мебинаду бадӣ дар он маҳкум мешавад, як хайреро мегираду аз дари театр берун мешавад.

-Вақте таъсири театр ба ин андоза назаррас аст, пас чаро мардум ба театр намеоянд?

-Фақат бо таассуф бояд гуфт, ки заифии омадан ба театр, танҳо дар пешонии театри тоҷик аст. Тавре дар дигар кишварҳо мебинем, одамон соатҳо пайк мепоянд, то як чипта харанд барои кадом як намоиш. Як замоне, ки мо ҷавон будем, намоишҳо дар се бахш нишон дода мешуд. 40 дақиқа ва ё 1 соат намоиш тул мекашид, танаффус ва боз идомаи намоиш, боз танаффус ва бахши сеюм шуруъ мешуд. Хаёл мекунам, ки ҳамин ҷанги шаҳрвандӣ хеле чизҳоро барбод дод. Баъд гурӯҳҳои хеле зиёди масхарабозон пайдо шуд. Мардум ниёз доштанд ба хандидан ва ҳамакаса сар карданд бо шиддат барои диққати мардума ба худ кашидан. Бо саҳначаҳои пуку сода мардума ба худ ҷалб карданд, ки мутаассифона, имрӯз ҳам ҷараён дорад. Дигар мардум ба маънои аз ин болотар ниёз надоранд. Дар тасаввурашон ҳамин масхарабозиҳои бемаъно, театр аст…

-Оё метавон барои наомадан ба театр бепулиро ҳам баҳона пеш овард?

-Мусаллам аст, ки то шиками падару модар сер набошад, зиндагишон солим набошад, иҷтимоиёташон дуруст набошад, дар ёдашон рафтан ба театр намерасад. Аммо ҳама ку бечора нестанд. Билетҳое, ки мефурӯшанд, ун нархҳое, ки дорад, хеле хандаовар аст. Ба наздикӣ мо аз Туркия омадем. Нархи як чипта дар он ҷо 70 $ аст. Дар ин ҷо бо нархи панҷ сомонӣ билет мефурӯшанд, вале одамон намехаранд. Шояд фарқ дошта бошад. Фарҳангро андеша кардан даркор. Ҳиммат кардан даркор…

-Чаро мегӯянд театри тоҷик чизе барои тамошо кардан надорад?

-Ҳар касе, ки чунин мегӯяд, аввал бояд худашро комил кунад. Китобҳои бешумор хонад. Зеҳнашро тақвият бахшад. Маънавиёташро бой гардонад. Ҷаҳонбинияшро васеъ намояд ва сипас даҳонашро об гардонаду гӯяд, ки театр чизе надорад. Дар канори ҳунармандӣ, наздики 40 сол мешавад, ки ман аз муаллими мактаби оддӣ то ба профессорӣ расидам. Омӯзгорӣ бароям бегона нест. Ҳоло бачаҳо ба донишкада меоянд, комилан дар мактаби миёнаанд. Аз 1-ум то 20-уми сентябр ман дониши умумии онҳоро месанҷам, ба хонандагони синфи се баробаранд. Баъзеш хуб аст албатта, аммо бачаҳое ҳастанд, ки навишта наметавонанд. Дар куҷо ҳарфи калон навиштанро намедонанд. Азбаски иншонависӣ аз байн рафтааст, агар менавиштанд, бача медонист, ки аввали ҷумла бо ҳарфи калон навишта мешавад. Абзатс ки шуд, ҳарфи калон мешавад. Баъди нуқта ҳарфи калон навишта мешавад. Ҳамин қоидаҳои оддиро намедонанд. Китоби бадеӣ умуман нахондаанд. Пас, мо аз кадом фарҳанг суҳбат кунем? Аз куҷо онҳо арзиши театрро медонанду ба намоишномаҳои театрӣ баҳо медиҳанд. Дар ҳоле, ки мушкилии асосии ҷомеаи мо аз китобу хондан дур мондани бачаҳо аст…

-Чорабиниву озмунҳое, ки доир гашта истодаанд, аз қабили «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», дар ҳалли ин масъала таъсир гузошта наметавонад?

-То андозае метавонад, аммо ҳамин системаро ба тамоми маориф ворид кардан даркор. Он вақт мо хеле муваффақ мешавем.

-Метавон намоишномаҳои театриро ба китобҳои зинда шабоҳат дод, яъне он донишу малакаеро, ки китоб ҳадя мекунад, театр ҳам дода метавонад?

-Чаро не, бе ягон шубҳа. Масалан, намоишномаи «Фирдавсӣ». «Фирдавсӣ» романи Сотим Улуғзода аст дар коркарди Султон Усмонов. Як бинанда қиссаи тақдири як шоирро, аз куҷо шуруъ шудану ба куҷо расиданашро мебинад, ҳамзамон дар як соату чанд дақиқа романи Улуғзодаро хондагӣ барин мешавад. Аммо ҷойи хонданро намегирад. Вақте ки одам худаш бо иштиҳо, бо шавқ, бо хоҳиш як китобро мехонад, вай дигар инсон аст. Вале нафаре, ки намехонаду омада мебинад, чизи дигарро мебинад. Аз ҳам фарқ доранд. Ба ҳар сурат, барои касе, ки китоб намехонад, театр як роҳи осону содаест, ки ба ин восита аз асарҳои бадеиву маъниҳои баланд огоҳ мегарданд.

-Таманнои Шумо ба хонандагони ҳафтаномаи «Оила».

-Бигзор оилаашон солим, зеҳнашон пури дониш ва хонаашон пур аз гандум бошад.

-Ташаккур устод барои суҳбати ҷолибу таъсирбахш! 

     Фарзона Маҳмадиева

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД