Arzon accountant
Қурбонгул зери чархи мошин монду...
420

Санаи 22-юми июни соли ҷорӣ, тахминан соати 23:30 дақиқа дар кӯчаи Р. Набиеви ноҳияи Сино садамаи нақлиётӣ рух дод.

Ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи "Хундай Старекс", рақамҳои қайди давлатиаш 1253CN01, Сафаров Фарҳод Ашуралиевич, санаи таваллудаш 17.05.1993, сокини шаҳри Ҳисор ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Абдуллоева Қурбонгул Акрамовна, санаи таваллудаш 15.07.1985, сокини шаҳри Душанберо, ки ҳамчун роҳрӯб дар Муасиссаи давлатии истифодабарии роҳҳои ноҳияи Сино фаъолият мекард, пахш намудааст.

Мутаассифона, дар натиҷаи ин садамаи нақлиётӣ пиёдагард Абдуллоева Қ. бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати ронанда Сафаров Фарҳод тибқи талаботи моддаи 212-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, ӯ дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Дар ин бора Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар додааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД