Arzon march 2024
Қурбон Ҳакимзода: Аз истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ то содороти маҳсулоти кишоварзӣ
276


Истеҳсоли картошка 4,6 %, сабзавот 11, 5 фоиз, полезӣ 19,9 фоиз, мевагӣ 129,7 фоиз, гӯшти гов 14,5 фоиз, шир 5,1 фоиз, тухм 1,0 фоиз, асал 2,9 фоиз ва моҳӣ 14,9 фоиз зиёд гардида, истеҳсоли ғалладонаҳо ба 10 фоиз барорбар мебошад.

Дар ин давра ба маблағи 246,6 млн доллар маҳсулоти кишоварзӣ содир карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,3 млн доллар зиёд мебошад.

Ин нуқтаро Қурбон Ҳакимзода, вазири кишоварзии Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон қайд кард.

Мавсуф афзуд, ки бо мақсади баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар тибқи маълумоти оморӣ хоҷагиҳо дар майдони 895 гектар боғ ва 117 гектар токзор бунёд намудаанд.

Рӯёнидани ҳосили ба талаботи бозори истеъмолӣ ва содирот ҷавобгӯ аз сари вақт гузаронидани чорабиниҳои агротехникӣ вобастагӣ дошта, ба он мақсад дар байни қаторҳо дар майдони 3753 гектар буридани навдаҳо дар майдони 3828 гектар обмонӣ дар майдони 822 гектар ва коркарди кимиёвии тирамоҳӣ дар майдони 2288 гектар гузаронида шудааст.

Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ бо мақсади таъмини амнияти озуқавории кишвар фаъолияти худро ҷиҳати татбиқи сиёсати аграрӣ ва истифодаи самараноку оқилонаи захираву имкониятҳои мавҷуда ба роҳ мондааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД