Қуръакашии “Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол-2026” дар шаҳри Душанбе
04.02.2026
Оила
31

Қуръакашии “Чемпионати Тоҷикистон

оид ба футбол-2026” дар шаҳри Душанбе

Пагоҳ, 5-уми феврал дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе қуръакашии бозиҳои чемпионати Тоҷикистон-2026 байни дастаҳои Лигаи олӣ оид ба футбол баргузор хоҳад гашт.

Бино бар иттилоъи Федератсияи футболи Тоҷикистон дар чемпионат 12 бошгоҳ– «Истиқлол» ва КМВА-и Душанбе, «Вахш»-и Бохтар, «Равшан»-и Кӯлоб, «Хуҷанд» ва «Эсхата»-и Хуҷанд, «Ҳосилот»-и Фархор, «Регар-ТадАЗ» ва «Сардор»-и Турсунзода, «Барқчӣ»-и Ҳисор, «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан ва дастаи «Парвоз»-и Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд иштирок ва рақобат хоҳанд кард.

Ҳар бошгоҳ дар доираи чемпионат 22 бозӣ анҷом медиҳад. Дастае, ки дар Лигаи олии Тоҷикистон-2026 ҷойи охиринро мегирад, ба Лигаи якум мефарояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД