Дар Хадамоти алоқа бахшида ба Иди касбии кормандони ин соҳа ҳамоиш баргузор гардид.
Дар ҷараёни чорабинӣ як қатор кормандони соҳа ва корманди ширкатҳои мобилӣ бо унвони фахрии “Устоди алоқа” сарфароз гардонида шуданд. Аз ҷумла, Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқаи кишвар аз ҷумлаи онҳое аст, ки соҳиби ин унвон шуд.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола 7 май ҳамчун Рӯзи радио ва кормандони соҳаҳои алоқа таҷлил карда мешавад.