Дилбар Умарова беҳолона, канда-канда гап мезад ва бемор буданаш бараъло маълум буд. Садои бисёр хастаи ин зани машҳурро шунида, дилам якбора хиҷил гашт, зеро чунин ҳунармандони асил ба мисли дурдонаҳои қимматбаҳо ангуштшумор боқӣ мондаанд...
Муддатест, ки сомонаи Oila.tj бо мақсади тарғиби ҳунари асил аз рӯзгори устодони санъати театр ва кинои кишварамон барномаи наверо бо унвони “Пайроҳаи зиндагӣ” таҳия менамояд. Дар барнома дар баробари пайроҳаи эҷодӣ, ҳамчунин дар бораи шебу фарозҳои пайроҳаи зиндагии қаҳрамонон низ маълумот дода мешавад, то ки ҳаёти шахсиятҳои шинохта барои дигарон дарси ибрат ва як навъ сабақ гардад. Ҳафтаи гузашта аз сирру асрори ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Нурулло Абдуллоев барнома таҳия карда будем ва онро дар шабакаҳои иҷтимоӣ мардум бо шавқу завқи зиёде тамошо карданд. Тибқи нақша ин ҳафта дар барномаи “Пайроҳаи зиндагӣ” бояд аз рӯзгори яке аз машҳуртарин бонувони ҳунарманди тоҷик, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Дилбар Умарова ба тамошобинони худ қисса мекардем, аммо...
Дирӯз бо мақсади ҳамоҳанг намудани суҳбат ба Дилбар Умарова занг задам. Гӯширо худи ҳунарманд бардошт, вале беҳолу бемадор буданаш аз ҳар як калимае, ки ба забон меовард, маълум буд. Дилбар Умарова канда-канда, бо азоб гап мезад ва мариз буданаш бараъло маълум буд. Тавре худи ҳунарманд гуфт, қариб як моҳ инҷониб ранҷи беморӣ мекашад. “Дар беморхона бистарӣ шудан нахостам, ҳар рӯз табибон ба хонаам омада, дорую даво карда мераванд. Мегӯянд, ки астма ва пневмония шудаам, тамоман қуввату мадор надорам”,- гуфт зимни суҳбат ин бонуи ҳунарманд.
Дилбар Умарова дар хазинаи санъати тоҷик як гавҳари ноёб ва бебаҳо мебошад. Дуо мекунем, ки Худованд ба ин ҳунарманди нотакрор ҳарчи зудтар шифои комил ато намояд ва то 100-солагӣ рӯйи саҳнаи ҳунар монда, бо нақшҳои ҷолиб ва ҷозиби худ мухлисони санъати асилро шод гардонанд.