Амина Ҳафизова яке аз ҳунарпешаҳои ҷавону маҳбуб ва машҳури театру синамои тоҷик аст. Мехоҳед бидонед, ки ӯ пеш аз машҳур шудан чӣ гуна зиндагӣ дошт ва чӣ гуна машҳур шуд? Пас мутаваҷҷеҳ бошед!
Амина аз хурдӣ орзуи санъаткор шуданро дошту дар чорабиниҳои фарҳангӣ фаъолона иштирок мекард. Вале падару модараш намехостанд ӯ ҳунарпеша шавад.
Баъди хатми мактаби миёна бо хоҳиши модараш ҳуҷҷатҳояшро ба Коллеҷи технологии Тоҷикистон аз рӯи ихтисоси маркетолог супорида, он ҷоро хатм намуд. Баъди хатми донишгоҳ дар чанд маркази дилхушӣ ҳамчун аниматор кор мекарду зиндагии оддӣ дошт. Чун меҳри саҳна дар дилаш буд, аз рӯйи ихтисосаш кор накарду рӯ ба ҳунар овард.
Амина то ҳол дар студияи Театри давлатии драмавии русии ба номи Владимир Маяковский фаъолият дорад. Ҳарчанд Аминаро дар театр мешинохтанд, вале баъди дар филми бисёрсериягии “Ишқ, пул, Душанбе” ва филми ҳаҷвии “Хусури ман” дар нақши марказӣ бозӣ кардан шуҳратёр гашт.
Ёдовар мешавем, ки Амина Ҳафизова оиладор буда, соҳиби як писар аст.