Меҳмони навбатии гўшаи “Маслиҳати хушдоман” сокини деҳаи Гулзори ноҳияи Кӯшониён Саъдуллоева Гулчеҳра мебошанд.
Модари азиз дар мавриди муносибатҳои келину хушдоман аз зиндагии худ ва давраи бо хушдоман зиндагӣ карданашон чунин қисса намуданд:
- Ман хеле ҷавон ба шавҳар баромадам. Азбаски духтари эркаи хонадони сарватманде будам, бисёр корҳои занонаро иҷро карда наметавонистам. Хушбахтона, хушдоманам зани хеле хубу меҳрубон буданду бо ман мисли модар ва шояд зиёдтар аз он муносибат мекарданд. Ҳамин тавр, бо роҳнамоии хушдоман тамоми ҳунарҳои занонаро аз худ намудам. Мо се авсун будем, вале хушдомани оқилаам баробари мо корҳои хонаро иҷро мекарданд. Шояд маҳз ҳамин меҳнатдўстияшон буд, ки умри дарозу дар иҳотаи фарзандону наберагон давлати хуби пирӣ диданд.
Бояд қайд намуд, ки муносибатҳои зебои келину хушдоман аз ду ҷониб маншаъ мегирад ва боиси гарму равшан нигоҳ доштани чароғи хонадон мегардад.
Суҳбати ДИЛОШӮБ