sebiston july new
Ҳунармандони тоҷик дар фестивали “Фаҷр” ҳунарнамоӣ мекунанд
287


Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар бо намоишномаи «Зол ва Рудоба» аз рӯи «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ ба Эрон сафар намуд.

Ҳунармандони ин театр дар Фестивали байналмилалии «Фаҷр»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ менамоянд.

Намоишномаи “Зол ва Рудоба”-ро драмматурги шинохтаи тоҷик Ҷумъа Қудус ба саҳна гузошта, коргардон-таҳиягари спектакл Баҳром Қурбонзода мебошад. Қиссаи ишқи пурсӯзи Зол ва Рудоба яке аз достонҳои муассири лирикии «Шоҳнома» ба шумор рафта, ибтидои достони зиндагии қаҳрамони асосии асар-Рустами Достон мебошад.

Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар бо намоишномаи мазкур соли 2023 дар Озмуни театрҳои касбии ҷумҳурӣ «Парасту» иштирок карда, сазовори ҷойи дуюм гашта буд. Дар ин бора “Ховар”хабар додааст.

“Таҷассуми таъриху фарҳанги пурифтихори миллат дар намоишҳои театрӣ яке аз василаҳои муаррифии он ба мардум, махсусан насли наврасу ҷавон мебошад. Бунёди бинои наву замонавии Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавӣ дар шаҳри Бохтар бозгӯи он аст, ки давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ба фарҳанги тоҷик арҷ мегузорад. Барои пешрафти театрҳои касбии вилоят маблағгузорӣ намудани давлат ба рушди театри миллии тоҷик мусоидат менамояд”-менависад манбаъ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД