Имрӯз яке аз чеҳраҳои шинохтаи санъати мусиқии тоҷик, ҳунарманди хушзавқ ва маънисаро Дона Баҳром ҷашни милод дорад. Ин марди сар то ба по ҳунар ба синни мубораки 75-солагӣ расид...
Ҳунарманди Шоистаи Тоҷикистон Дона Баҳром 4-марти 1949 дар деҳаи Чухкаки деҳшӯрои Сағирдашти ноҳияи Дарвоз дар оилаи деҳқон чашм ба олами ҳастӣ боз намудааст. Ҳарчанд меҳри санъат ҳанӯз аз овони кӯдакӣ дар дилаш маъво гирифта бошад ҳам, пас аз хатми мактаби миёна ӯ ба факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шуда, соли 1973 ин даргоҳи маърифатро бо муваффақият хатм намудааст. Аз соли 1975 то 1980 дар мактаби миёнаи таҳсилоти ҳамагонӣ ба номи Чайковскии ноҳияи Ваҳдат ба ҳайси муаллим ва ҷонишини директор оид ба корҳои таълиму тарбия кору фаъолият намуда бошад ҳам, дар давраи омӯзгорияш пайваста нозукиҳои санъати классикии созиву овозиро меомӯхт ва ҳунару истеъдоди худро такмил медод.
Билохира заҳмату ҷустуҷуҳои эҷодиаш самар доданд ва соли 1980 Дона Баҳромро ба Кумитаи радио ва телевизион ба ҳайси сарояндаи гурӯҳи ҳофизони дастаи шашмақомхонон ба кор даъват намуданд. Ҳамин тавр тақдир ӯро ба олами санъат овард.
Дона Баҳром солиёни зиёде дар дастаи мақомхонони Кумитаи давлатии радио ва телевизиони назди Ҳукумати Тоҷикистон кору фаъолият намуда, зиёда аз 100 суруди пурмаъноро ба ошиқони савту наво пешкаш кардааст, вале дар эҷодиёти ин ҳунарманди маънисаро “Шоҳнома”-и Абдулқосим Фирдавсӣ мақоми хоса дорад. Дона Баҳром ягона ҳунарманди тоҷик мебошад, ки дар заминаи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ як маҷмӯаи комили овозии таронаҳоро сабт намудааст.
Ин ҳунарманди хушсалиқа дар чандин ҷашнвораю озмунҳои мусиқии дохилӣ ва хориҷии ҳунарӣ ширкат варзида, сазовори ҷоиза гаштааст. Аз ҷумла соли 2001 дар ҷашнвораи мусиқӣ дар шаҳри Теҳрони Эрон Дона Баҳром ба дарёфти ҷоизаи «Чанги заррин» мушарраф гаштааст.
Аҳли эҷоди сомонаи Оила. ТЧ Ҳунарманди Шоистаи Тоҷикистон Дона Баҳромро бо 75-умин солгарди умрашон сидқан муборакбод гуфта, ба ин ҳунарманди асил умри дароз, тани сиҳат ва мисли уқоб парвозҳои баландтаринро дар фазои пурҷилои ҳунар орзуманданд. Рӯҳи безаволи ҳаким Фирдавсии Тӯсӣ ёру ёваратон бод, устоди ҳунар Дона Баҳром!