Отахон Саидзода аз ҳунармандони ҷавону муваффақи театру синамои тоҷик аст. Ӯро ҳаводорони театр бештар дар образи қаҳрамонҳои таърихӣ мешиносанд. Ин ҳунарманди соҳибзавқу боистеъдод тӯли шаш сол аст, ки роҳбарии Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтарро ба зимма дорад. Ба ин ҳунарманди ҳирфаи ба наздикӣ аз ҷониби Пешвои миллат хонаи истиқоматӣ эҳдо гардид.
Отахон Саидзода дар мусоҳиба бо мо аз ҳаёту фаъолият, корҳои эҷодӣ ва вазъи театру синамои миллӣ суҳбат кард.
- Сараввал шуморо бо қадрдонӣ шуданатон бо хонаи истиқоматӣ, ки аз ҷониби Пешвои миллат тақдим гардид, самимона табрик менамоем.
- Ташаккури зиёд. Бо самимият ва эҳтирому ифтихори беандоза сипосмандии беинтиҳои хешро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати қадрдонӣ бо хонаи истиқоматӣ, садоқатмандона мерасонам. Ин ҳадяи беназирро ҳамчун ҳунарманди ҷавон бо ҷон пазируфта, худро фарди сарбаланду ифтихорманди Ватан меҳисобам. Зеро ин ҳадяи беназири Пешвои маҳбубамон арҷгузорӣ ба ҳунари асил ва пойдорию эҳтиром ба фарҳанги бою пурғановати миллӣ мебошад. Сиёсати хирадмандона ва фарҳангпарваронаи Пешвои миллат, инчунин таваҷҷуҳу дастгириҳои пайвастаи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид нисбат ба соҳаи фарҳанг ва ҳунармандон ҳамеша эҳсос мешавад. Ин ғамхориҳо барои фаъолияти эҷодии мо шароити мусоид фароҳам оварда, моро ба офаридани бештари асарҳои арзишманд рӯҳбаланд месозанд. Пеши ин ҳама ғамхориҳои падаронаи Пешвои миллат қувваю нерӯ ва тавону садоқати хешро сарфи ҳунари асили миллӣ намуда, баҳри рушди фарҳанг ва ҳунари миллию касбӣ саҳми беназир мегузорам.
- Орзуҳои кӯдакӣ дар ташаккули ояндаи инсон нақши муҳим доранд. Аксарият касби ояндаи хешро аз давраи кӯдакӣ муайян месозанд. Шумо ҳам аз кӯдакӣ орзу доштед, ки ҳунарманд шавед?
- Аз лаҳзае, ки худро мешиносам, ба олами санъату ҳунар шавқу рағбати зиёд дорам. Маҳз ҳамин шавқ буд, ки дар маҳфилҳои мактабӣ фаъолона иштирок намуда, бо муҳаббат нақш меофаридам. Орзу доштам, ки оянда дар соҳаи санъат таҳсил мекунам. Дар оилаи омӯзгор ба дунё омадаам ва муҳити солими оила шавқу истеъдодамро боз ҳам рушд бахшид. Аз овони мактабхонӣ ҳама медонистанд, ки роҳи ҳунарро интихоб мекунам. Чун дар маҳфилҳои мактабиву шаҳрӣ бо ҷиддият ва касбият нақш меофаридам. Вақте тасмим гирифтам, ки ҳунарманд мешавам ҳамроҳи модарам ба театр рафтем ва бо устод Аловуддин Абдуллоев вохӯрдем. Устод маро дастгирӣ намуда, ҳатто барои дохил шудан ба донишкада мактуби тавсиявӣ доданд. Ҳамин тавр, соли 2004 ба Донишкадаи санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода дохил шуда онро соли 2009 бо дипломи сурх хатм намудам.
- Ба фикри шумо барои сайқали истеъдоди ҳунарманд мактаби ҳунар, саҳнаи театр ва ё зиндагии воқеӣ нақши муҳим дорад?
- Барои сайқали истеъдоди ҳунарманд ҳар се - мактаби ҳунар, саҳнаи театр ва зиндагии воқеӣ нақши хеле муҳим ва ҳар кадом ҷойгоҳи хоси худро доранд. Мактаби ҳунар ба ҳунарманд донишҳои касбӣ, фарҳанги саҳнабароӣ ва қонуну қоидаҳои саҳнаро меомӯзад. Дар саҳнаи театр бошад, донишу маҳорат ба ҳам тавъам мегарданд. Зиндагии воқеӣ бошад барои боз ҳам таъсирнок шудани нақш мусоидат мекунад. Аммо барои ҳунарманди касбӣ шудан бояд тарбияи устодро гирифт.
- То ҷое медонем сарояндагӣ ҳам мекунед, то имрӯз чанд тарона хондаед?
-Бале ба овозхонӣ ҳам майли зиёд дорам. Баъзе таронаҳои устодони санъатро бозхонӣ мекунам. Боре дар яке аз чорабиниҳои давлатӣ бо сарояндаи хушовоз Нигина Амонқулова як дуэт хонда будем. Баъдан бо ҳунармандони театр Ҷамила Юсупова, Гулнора Саидалиева дуэт хондаам. Таронаи "Ман бо духтаре вохӯрдам"-ро дар яке аз озмунҳо дар шаҳри Маскав хондам. Суруди “Чойхона”-ро бошад дар Қирғизистон суруда будам. Умуман кам-кам сарояндагӣ ҳам мекунам ва то имрӯз қариб 10 суруд хондаам.
- Замони дар хизмати ҳарбӣ буданатон ҳам аз маҳорати актёрӣ ё овозхониятон истифода мебурдед?
- Ман дар полки комендантии қисми ҳарбии 08050-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар взводи оркестри нафасӣ адои хизмат кардаам. Замони хизмати ҳарбӣ низ ба иҷрои таронаҳо, рақс ва фаъолияти ҳунарӣ машғул будам. Ҳамчунин дар яке аз фестивалҳои бонуфузи байналмилалӣ, ки миёни қисмҳои низомии 14 кишвари ҷаҳон дар Майдони Сурхи шаҳри Маскав баргузор гардид, иштирок кардем. Илова бар ин, дар дигар озмуну фестивалҳо низ фаъолона иштирок намуда, бо диплому сипосномаҳои Вазири мудофиа қадрдонӣ шудаам.
- Чанд сол аст, ки роҳбарии Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтарро ба зимма доред ва театр дар ин муддат ба чӣ дастовардҳо ноил шуд?
- Қариб 6 сол аст, ки вазифаи директории театрро ба зимма дорам. Дар ин давра театр дар озмуну фестивалҳои зиёди ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Соли 2019 дар фестивали байни театрҳои касбӣ «Парасту» театр ҷойи сеюмро соҳиб шуд. Соли 2021 мо намоишномаи «Бежан ва Манижа»-ро (дар асоси достонҳои «Шоҳнома») бори аввал рӯйи саҳна овардем. Ин асар бо таҳияи Баҳром Қурбонзода дар фестивали «Парасту» ҷойи дуюмро касб намуд. Соли 2023 намоишномаи «Зол ва Рудоба»-ро пешниҳод кардем, ки боз ҳам ҷойи дуюмро соҳиб шуд. Соли 2024 ҳунармандони театр дар 42-юмин фестивали байналмилалии “Фаҷр” (Эрон) бо дастгирии ҳукумати вилояти Хатлон иштирок намуданд, ки 20 ҳунарманди мо бо 20 диплом қадрдонӣ шуданд. Соли 2025 театр сазовори ҷоизаҳои “Беҳтарин ансамбли актёрӣ”, “Беҳтарин ороиши саҳна” ва “Беҳтарин ҳунарманд” гардид. Ғайр аз ин 5 соли охир ҳунармандони театр бо унвону ҷоизаҳои зиёди давлатӣ сарфароз гардиданд. Худи банда низ дар ин давра сазовори як қатор мукофотҳо аз ҷумла: "Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон", «30 ҷавони муваффақ», «100 чеҳраи муваффақ», «Беҳтарин ровӣ», чандин ҷоизаҳои дигар ва диплому сипосномаҳои Вазорати фарҳанг, Вазорати мудофиа ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидам.
- Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар ҳар мавсим чанд намоишнома рӯйи саҳна меорад?
- Театр ҳамасола 5-6 намоишномаи навро барои кӯдакону наврасон ва калонсолон рӯйи саҳна меорад. Дар маҷмӯъ, аз соли 1980 то имрӯз дар театр 145 намоишнома аз осори драматургҳои тоҷик ва ҷаҳон ба намоиш гузошта шудаанд.
- Театр дар рушди маънавии ҷомеа то чӣ андоза метавонад таъсир расонад?
- Театр дар рушди маънавии ҷомеа нақши хеле муҳим дорад. Он на танҳо воситаи фароғат, балки мактаби ахлоқ ва тафаккур ба ҳисоб меравад. Пеш аз ҳама, театр тавассути асарҳои саҳнавӣ арзишҳои инсонӣ, аз қабили ростқавлӣ, адолат, муҳаббат, ватандӯстӣ ва эҳтироми калонсолонро таблиғ мекунад. Тамошобин бо сарнавишти қаҳрамонҳо ошно шуда, дар бораи рафтору кирдори худ меандешад ва аз хатогиҳои онҳо сабақ мегирад. Инчунин, театр масъалаҳои муҳими иҷтимоиро ба миён мегузорад. Масоили ахлоқӣ, оилавӣ, тарбияи ҷавонон ва муносибатҳои инсонӣ дар саҳна бозтоб ёфта, ҷомеаро ба андеша водор месозанд. Ғайр аз ин, театр ба баланд бардоштани завқи эстетикӣ ва фарҳангии мардум мусоидат мекунад. Забони ноб, мусиқӣ, ҳаракати саҳнавӣ ва ҳунари актёрон ҷаҳонбинии тамошобинро ғанӣ мегардонад. Хулоса, театр бо таъсири амиқи худ ба шуур ва эҳсоси инсон метавонад дар ташаккули ҷомеаи солим, боахлоқ ва маърифатнок саҳми арзанда гузорад.
- Аз устод Аловуддин Абдуллоев чӣ хотироти нек доред. Оё он корҳое, ки устод мехостанд дар театр анҷом диҳанд иҷро шуд?
- Аз устоди зиндаёд Аловуддин Абдуллоев хотираҳои нек хеле зиёданд. Устод шахсияти бузург буданд, ҳунармандонро қадр мекарданд ва ба ҳунармандони ҷавон ҳамеша роҳ нишон медоданд. Дар назди театр студияи маҳорати актёрӣ фаъолият мекард, ки таҳти роҳбарии эшон дар он ҷо ҳунармандони ҷавон тарбия меёфтанд. Аксари шогирдони ин студия баъдан дар соҳаи театр ҷойгоҳи худро пайдо карданд. Ман ифтихор дорам, ки шогирди устод ҳастам. Аз соли 2013 то 2019 ҳамчун муовини якуми директор фаъолият кардам ва дар ин муддат аз устод сабақҳои зиёд гирифтам. Устод орзуву ормонҳои зиёд доштанд. Мехостанд намоишномаи якнафараро бо номи «Масал», аз рӯйи асари Абдуҷаббор Абдуғаффоров дар таҳияи Бурҳониддин Раҷабов ба саҳна гузоранд. Ҳамчунин орзу доштанд, ки намоишномаи «Отелло»-ро рӯйи саҳна оварда, шӯхиҳо ва лаҳзаҳои хоси ҳунарии худро ба мардум пешкаш намоянд.
- Имрӯзҳо чӣ нақшаҳо доред. Ва барои кадом намоиши театрӣ омодагӣ дида истодаед?
- Имрӯзҳо барои чанд нақшаи эҷодӣ омодагӣ дида истодаем ва айни ҳол барои намоиши нави театрӣ тамрин дорем. Дар тӯли фаъолияти ҳунарии худ зиёда аз 20 нақш офаридаам. Аз ҷумла: Дар намоиши «Бежан ва Манижа» нақши Бежан, дар «Зол ва Рудоба» нақши Зол, дар «Тоҳир ва Зӯҳро» нақши Тоҳир, дар «Лаку Пак» нақши Шоҳзода, дар «Маликаи Тӯрондухт» нақши Халид, дар яке аз намоишҳои театрӣ нақши Рӯбоҳ, дар намоиши «Найрангҳои Скапен» нақши Леандр ва ҳамчунин дар намоишномаи "Островский" дар нақши Паратов ҳунарнамоӣ кардаам. Орзу дорам дар оянда нақшҳои Сӯҳроб, Гамлет ва Сиёвушро иҷро намоям. Бисёр мехоҳам образҳои қаҳрамонони таърихиро офарам ва онҳоро ба тамошобинон бо тамоми нозукиҳояшон пешниҳод кунам.
- Ташаккури зиёд барои суҳбат. Ба корҳои эҷодиятон комёбиҳои нав таманно дорем.
- Саломат бошед. Аз ин фурсати муносиб истифода бурда, кулли мардуми сарбаланди тоҷикро бо фарорасии Соли нави милодӣ табрик намуда, саломативу сарбаландӣ ва хушбахтиву хушҳолии рӯзгорро таманно дорам.
Мусоҳиб: Абдуғаффор ШОДИЕВ