Дар бозии навбатии лотерея, ки Ҳусейн Ҳасанов (gusein.gasanov) блогери машҳури озаритабори муқими Русия дар Инстаграм доир намуд, як бачаи 18-солаи тоҷик ҷоизаи асосӣ – мошини гаронбаҳои тамғаи “Ламборҷини Урус”-ро бурд намуд, ки арзишаш 30 миллион рубл ё тахминан 400 ҳазор доллар мебошад.
Ин ҷавони хушбахт Умедҷон (umedjon.47) ном дошта, ҳамагӣ ду ҳафта пеш ба синни 18-солагӣ расидааст. Умедҷон ҳанӯз хонандаи мактаб будааст ва дар посух ба мавҷи табрикоте, ки баъди соҳиби чунин туҳфаи гаронбаҳо гаштанаш ба сараш борид, изҳори миннатдорӣ намуда, навиштааст, ки “Илтимос, нанависен мара ма дарс даюм...”
Умедҷон дуюмин ҷавони тоҷик аст, ки дар бозиҳои лотерея, ки блогерҳои машҳури Русия мегузаронанд, ғолиб омада, соҳиби мошини гаронбаҳо мешаванд. Тахминан як моҳ пештар як ҷавони дигари тоҷик бо номи Муҳаммад дар лотереяе, ки Асҳоб Тамаев, блогери зодаи Чеченистон баргузор карда буд, мошини 8 миллиона бурд карда буд.