Умеда Юнусова, сокини шаҳри Хуҷанд буда, баъди 22-соли ҳамзистӣ бо шавҳраш-Фурқат Юнусов оилавайрон шудааст. Ин зан имрӯз дар як хонаи якҳуҳрагӣ бо ду духтараш, ки яке ноболиғу дуюмӣ маъюби гурӯҳи якум мебошад, танҳо зиндагӣ дорад.
Дидани ашки равони модар ва нолаи ҷонкоҳи духтараки бемораш-Азизаи Фурқат дили касро об мекунад, аммо падари ин духтарки маъюб зани дигареро ба никоҳи худ дароварда, дар гӯшаи дигари ин шаҳр рому осуда зиндагӣ мекунад. Дар рӯзи “Иди маъюбон” ҳатто бегонаҳо дари одамони имконияташон маҳдудро кӯфта, аз рӯйи раҳму инсоф ба онҳо ягон ҳадя мебаранд, то ки дили дардманди маъюберо шод гардонанд, вале падари Азиза ягон бор ба суроғи фарзандаш намеояд. Ин дар ҳолест, ки онҳо дар як шаҳр умр ба сар мебаранд ва барои дари фарзандашро куфтан ҳамагӣ 5 сомонӣ роҳкиро сарф мешаваду халос...
Шавҳарам бо пайвандонаш душман шуду....
Соли 1996 ба оилаи Юнусовҳо келин шуда рафтам. Шавҳарам Фурқат Юнусов фарзанди хурдии ин хонавода буд. Бо хусуру хушдонамам мо дар шаҳри Хуҷанд, кӯчаи М. Муҳидддинов (пештара Шорс) хонаи 16 зиндагӣ мекардем. Соли 2000-ум модаршӯям вафот карданд, вале то дами маргашон ягон бор шавҳари ман фарзанд шуда ба модараш ягон ғамхорӣ ё меҳрубонӣ карданашро надидам. Гумон кардам, ки баъди сари модар ақлаш ба сараш зада, ба қадри падараш мерасад, вале ба болои бемеҳриаш шавҳараш нағмаҳои нав бароварда, бо бародар ва апаҳояш ҷангу ҷанҷол мекардагӣ шуд. Бечора хусурам мегуфтанд, ки “ман мурам, як дастам барои се духтари музлими ту аз хок берун мемонад. Ин Фурқат барои ман фарзанди нолоиқ шуду ба ту шавҳари носипос...”
Ҳамин тавр падараш ҳам аз шавҳарам некӣ надид. Духтари калониям то дами марги бобояш ба ҷойи падараш мӯйсафедро нигоҳубин кард ва хусурам дуои ҷони Фарзнаро карда, ҷон ба ҷонофарин супурданд...
“Зани номаҳрамро ба хона набиёр”-гуфту дар бало монд
Хусурам инсони покдилу покниҳод буданд ва ҳаргиз намехостан, ки ягон фарзандашн ба рҳи хато равад. Барои ҳамин, вақте ки соли 2018 шавҳари ман як зани аз худаш қариб 20-сол калони бегонаро ба хона овард, хусурам “нашинохтам, хоҳарам, шумо кӣ?” гуфта пурсиданд. Зан хандакунон “дар фалон тӯй ман дар саҳна рақс мекардам, ки барқ хомӯш шуд, мардҳоро маро бардошта рафта буданд ку...”гуфт. Авзоъи муӯйсафед беҷо шуд ва писарашонро насиҳат карда гуфтанд, ки зани номаҳрамро ба хона набиёр, убол аст. Ҳамин гапи ростро гуфта дар бало монданд, шавҳарам “ту чаро як зани хубро номаҳрам мегӯӣ? ” гуфта, падарашро зад ва ҳамроҳи ҳамон зан аз хона баромада рафту бо ҳамин дигар моро сурғ накард....
Васияти падар
Хусурам баъди ин рафтори писарашон додаршӯямро ба наздашон хнда гуфтанд, ки Муқимҷон, ман акнун пир шудаам ва мехоҳам ба зиндагиам хонаю дарамро соҳибдор карда равам. Ин хонаро ба номи ту мегузаронам, чунки аз додарат дилам пур нест. Фақат ба ман ваъда деҳ, ки ба зани додарат як квартира харида медиҳӣ, чунки як духтари маъюб дорад, бечора бо се фарзандаш дар кӯча намонад. Ҳамин тавр хонаро ба додаршӯям Муқимҷон ҳадя карданд ва баъди як сл худашон аз дунё гузаштанд. Раҳмат ба қайниям (ҳевар, додаршуй) Муқим Юнусов, ки хонаашон дар дигар ҷой бошад ҳам, омада падарашонро то дами маргашон нигоҳубин карданд. Бемор шаванд, ба духтур мебурданд, хӯроку маҳсулоти ғизоӣ оварда медодан, хулосаи рисолати фарзандии худро пурра ба ҷо меовардан. Додаршӯям Муқим Юнусов марди пок ва соҳибмаълумот, ки ҳастан, васияти падарашонро иҷро карда, ба фарзандони ман хона харида доданд ва “ба мактаби духтаратон наздик аст” гуфта аз ҳамон ҳавлии зиндагӣ мекардаамн низ барои ману фарзандонам як ҳуҷра ҷуд карданд. Шавҳарам ба ҷойи он ки барои ғамхориаш дар ҳаққи фарзандони ӯ ба бардараш раҳмат гӯяд, то имрӯз таҳдиди куштан карда мегардад, ки ин хона бояд азони ман мешуд, чунки кенҷагӣ ман ҳастам, вале Муқим онро соҳиб шуд.
Бародару хоҳарони шавҳарам бари бо як зани калонсол никоҳ кардану аз баҳри оилаи поку ҳалоли худ гузаштанаш шавҳарамро маломат карда фаҳмондан мехостанд, ки кораш хато аст, вале Фурқат қасам болои қасам хӯрда мегуфтааст, ки агар як бори дигар ақлакӣ карда ба зиндагии ӯ кордор шаванд, аз худашн гила кунанд. Дар ин ҳолат кӣ ҷуръат мекунад, ки гапи дуруст занаду насиҳат кунад?!
Бадкарда бадгумон
Ддаршӯям васияти падарро ба ҷо оварда 2-уми марти соли 2021 бо тариқи нотариалӣ дар асоси шартномаи ҳадя ба номи духтарам Фарзона Юнусова дар маҳаллаи 8-уми шаҳри Хуҷанд (микрорайони 8, хонаи 69, ҳуҷраи 19) хона харида доданд ва ҳуҷҷатҳояшро пурра ба расмият дароварданд. Шавҳари бадгумонам ҳатто ба бародари худаш тӯҳмат карда гуфтааст, ки агар байни онҳо ягон гапу кор набошад, чаро вай ба зану фарзандони ман кӯмак мекунад? Хоҳаронаш ба вай фаҳмондаанд, ки ин занак фарзанди маъюб дорад, уболаш мегирад, барои ҳамин падарам васият карда буданд, ки барои фарзандони додарат хона харида медиҳӣ, охир мо хешу табор кӯмак накунем, кӣ мекунад, вале ин гапҳо ба гӯши шавҳари бадгумонам надаромада, ҳамоно гапҳои ноҷо мезад. Ҳамин тавр аз неши забони шавҳарам тарсида додаршӯям дер-дер аз ҳоли мо хабар мегирифтагӣ шуданд.
Духтари маъюбамро танҳо
монда наметавонам
Ҳоло шабу рӯз ба нигоҳубинӣ ҳамин духтари маъюбам овора ҳастам. Духтарчаи хӯрдиям синфи 2 мехонад. Ӯро ба мактаб бурда меораму халос. Имконияти дар ягон ҷо кор кардан надорам, чунки духтари маъбюбамр танҳо монда рафта наметавнам. Фарзона, духтари калониям шавҳар дорад, баъзан фишорам баланд шавад ё бемор шавма, маҷбур аз хнаи шавҳараш аз шаҳраки Бӯстон хеста меояд, то ки хоҳараконашро нигоҳубин кунад. Ба дастгирии одамони хайрхоҳ сахт ниёз дорам, чунки дар пеш фасли замистон аст ва дар ин сардӣ болои ин қадар мушкилиҳои мо пули барқ ва зуд-зуд иваз кардани памперси бемор заммешавад.
Шахсоне, ки дасти кӯмак ба ин оилаи ниёзманд дароз карданиянд, метавонанд хайрияи худро ба телефони +99292 8933110-и Умеда Юнумова, ки бо корти Душанбе ситӣ пайваст аст, гузаронанд.