Истаравшан аз қадимулайём ҳамчун шаҳри ҳунармандону тоҷирон эътироф гардида то имрӯз ин мақоми худро нигоҳ доштааст.
Дар ин куҳаншаҳри тоҷикон ба қавле аз ҳафт то ҳафтодсола соҳиби ҳунар ё ягон навъи коранд. Далели ин гуфтаҳоро метавон дар мисоли хурдсолтарин кандакори Истаравшан Умар Почоев собит намуд.
Ин навбат мо тасмим гирифтем ба хонандагони азизи сомонаи Оила.тҷ аз зиндагии ҷавонтарин кандакори ин диёр, ки аллакай ба дастовардҳои зиёд ноил гардидааст, қисса намоем.
Завқу лаззати ҳунар
Умар Почоеви 12- сола сокини шаҳри Истаравшан мебошад. Ба хурд буданаш нигоҳ накарда аллакай аз тамомии нозукиҳои ҳунари кандакорӣ воқиф аст. Ӯ аз синни 8-солагӣ назди ҳунарманди маъруф Азиз Бобоҷонов ба шогирди рафта, то имрӯз аз устодаш ҳунар меомӯзад. Ба гуфти устоди қаҳрамони мо Азиз Бобоҷонов, Умар Почоев ниҳоят бачаи хушзеҳн буда, дар муддати кӯтоҳ нозукиҳои ҳунари кандакориро аз худ кардааст. Ин ҳунарманди хурдсол дар оилаи дуредгар ба дунё омада шавқу завқи ҳунар аз назди падар дар дилаш маъво гирифтааст.
"Падарам устои харротанд ва ба сохтани дару тиреза машғул. Ман ки шавам ба ҳунар зиёд буд назди падарам рафта ба корашон бодиққат менигаристам ва мехостам ин ҳунарро омӯзам. Баъдан бобоям завқи маро дида гуфтанд, ки ба назди кандакор Азиз Бобоҷонов ба шогирди мегузоранд. Аз синни 8 солагӣ назди он кас рафтам ва аз асрори ҳунарашон воқиф гаштам"- мегӯяд ҳунарманди хурдсол.
Мавсуф чор мешавад, ки назди Азиз Бобоҷонов ҳунар меомӯзад. Ба қавли ӯ завқу лаззати ҳунар ӯро ҳунарманд кардааст.
Аз кандакорӣ то офаридани панно
Умар Почоев назди устодаш на танҳо ҳунари кандакорӣ балки тарзи омода кардани панноро низ аз зуд кардааст. Ба қавли устодаш дар муддати чор сол тавонистааст инилу ҳунарро аз худ кунад.
"Вақте Умарҷон назди мо ба шогирди омад, ҳоло тарзи тасвири нақшҳоро наметавонист. Зеро ҳанӯз хурдсол буд. Чун ба ҳунари кандакорӣ шавқи зиёд дошт мо тасмим гирифтем дар рӯйи авроқи гуногун гулҳои кандакориро тасвир намояд. Баъди муддати мадид гузаронидани гулҳои тасвир кардаашро дар рӯйи чӯб омӯхт. Пасон тарзи кандани гулро дар чӯб аз худ кард. Имрӯзҳо худаш ҳам мустақилона тасвир намуда, кандакорӣ мекунад. Ғайр аз ин тарзи омода кардани панноро низ омӯхт"-гуфт ҳини сӯҳбат устодаш Азиз Бобоҷонов.
Ин рӯзҳо Умар Почоев сандуқчаҳои кандакоришуда, лавҳаҳои гулкоришуда ва панно меофарад. Маҳсули дастонаш борҳо дар намоишҳо гузошта шуда ғолиб ҳам гардидааст. Дар даври шаҳрии озмуни "Тоҷикистон ватани азизи ман" дар наминатсияи кандакорӣ сазовори ҷойи дуввум гардида имрӯзҳо ба даври вилоятии он тайёри дида истодааст. Ӯ ҳамзамон борҳо ба намоишфурӯшҳо дар шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд низ иштирок намудааст.
Сипос ба волидайну бобо ва устоди гиромӣ!
Умар Почоеви 12 сола ба волидайну бобо ва устодаш изҳори сипос менамояд. Зеро маҳз бо дастгирӣ ва ҳидояти онҳо ӯ ба дастовардҳои зиёд ноил гардидааст. Ин ҳунарманди хурдсол ба ҳамсолонаш тавсия медиҳад, ки беҳуда ба кӯчаҳо нагарданду ба омӯхтани ягон навъи ҳунар, забон ё илм машғул шаванд.
Абдуғаффор Шодиев