“Духтарҳо гуфтанд, ки имрӯз эълон карданд, овардан коғазора, ки имзо монед барои ба якдигаритон равон кардани “Ҷумъаи саид муборак”. Равон кардани матлабҳои хусусияти динидоштаро манъ карданд ва агар касе равон кунад, нисбаташ парванда мекушоянд. Бо яке равон накунед, ки...”. Ё “бачаҳо як чизро мегуямтон, аз ҳамин кор эҳтиёт бошед. Ҳозир чунин қонун дар мо ҷорӣ шудааст, ки вақте дар телефон, дар вотсап, дар ИМО “Ҷумъа муборак” ва ба монанди ин паёмакҳо равон мекунед, парванда вуҷуд дорад, ки ду сол ба маҳбас меравӣ, қонунаш баромадагӣ аст, чунин паёмакҳоро илтимос равон накунед, ки агар дар телефони касе ёбанд, ду сол маҳбас мекунанд. Ҳаминро барои бачаҳое, ки намедонанд, фаҳмонедашон...”
Ин ду паёмаки овозиест, ки ду рӯзи охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонакҳо бо сурати тез паҳн шуда истодааст. Сухан дар бораи онҳое меравад, ки агар ба ҳамдигар “Ҷумъа муборак” ва ё дигар матолиби хуссияти динидошта ирсол намоянд, гӯё то ду сол равонаи зиндон хоҳанд шуд.
Ин паёмҳо дар ҷомеа сару садои зиёдеро дар пай дошта, дӯстон аз ҳамдигар хоҳиш мекунанд, то дигарбора барояшон чунин паёмҳоро нафиристанд.
Барои то куҷо ҳақиқат доштани ин овоза ба Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамсуҳбат шудем. Зайнаб Ҳусейнова, намояндаи дафтари матбуотии ин ниҳод, ба Oila.tj гуфт, ин хабар ҳақиқат надорад.
“Ба мо низ ду паёмаки овозӣ, ки яке мард ва дигаре зан ҳаст, фиристоданд, ки гӯё барои фиристодани “Ҷумъа муборак”ҷавобгарии ҷиноятӣ муайян гардидааст, ки ҳақиқат надорад. Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим нашри чунин матлабҳоро иғвоангезона медонад. Зеро бо мазмуни мазкур дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳеч гуна тағйирот ворид нагардидааст”, - гуфт ҳамсуҳбати мо.
Ёдовар мешавем, ки чанде қабл аз ҷониби гурӯҳи номуайян паёмак паҳн гашта буд, ки дар ҳолати ба саҳифаҳои порнографӣ обуна шудану пардохт накардани маблағи муайян истифодабаранда ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад, ки баъдан Вазорати корҳои дохилӣ онро рад намуда буд.