Formula novemver 2024
ҒУЛОМИ НАФС (ҚИСМИ 8)
05.10.2021
ДИЛОШӮБ
3857

                           Телефонбоз

Гулбоғ шабҳо телефонашро мекушт, чун рӯзона онро ба кор меандохт, аз дидани паёмакҳои ошиқонаи Миша дилаш пур аз фараҳ мегашт. Ин ҷавонзани булҳавас ба рӯйи меҳрубониҳои шавҳари вафодораш хати батлон кашида, ба ҳамшаҳрияш телефонбозӣ мекард… Миша низ пайваста аз ҳамшаҳрияш талаби вохӯрӣ мекард, деви ҳавас ба Гулбоғ ғолиб омаду ӯ бо Миша вохӯрӣ таъин намуд. Гулбоғ барои дур намудани шаку шубҳа аз дили шавҳараш ба ӯ гуфт, Нозирҷон пагаҳ баъд аз кор ба назди духтури генеколог меравам, баъд як ду чиз даркор асту мағозаҳо медароям, худам ба хона меоям ту беташвиш коратро тамом карда ба хона биё. Нозир хурсанд шуда ба дасти ҳамсараш маблағи муайян дода гуфт:-Маршруту автобус интизор шуда нашину бо таксӣ гард. Гулбоғ аз ҷойи кораш барвақттар ҷавоб гирифта ба назди духтури занонае, ки шиноси Тамара буд рафт. Пули зиёдтаре дода аз назари духтур гузашт, духтурзани солхӯрда ба ӯ гуфт, ки ту ҳеҷ мушкиле надорӣ, шавҳарат аз муоина гузарад. Гулбоғ бо хурсандӣ аз назди духтур баромад, аз рӯйи маслиҳати пешакӣ ӯро Миша назди дари беморхона мунтазир буд. Бону худро мисли арӯсакон орою торо дода буд ва бе ягон истиҳола ба мошини қиматбаҳои Миша нишаст. Миша ӯро на ба тарабхона балки ба ҳавлии зебои пурнақшу нигоре бурд, онҳоро мизи пурнозу неъмат ва палави тоҷикӣ мунтазир буд…

                                Тардоман

Пас аз истеъмоли оши палав, ки аз рӯйи гуфти Миша онро ошпази самарқандие пухта буд, ҳамшаҳриҳо чойи кабуд нушида сӯҳбат карданд. Гулбоғ сармати таърифу суханҳои пурнавозиши Миша- Мадад, ба шавҳари хуби худ хиёнат кард. Мишаи «бабник» бо бусу канор Гулбоғро рӯйи дастонаш бардошта ба хонаи дигар гузашт, рӯйи рахти хоби қиматбаҳои хушбӯй аз ӯ ком бардошт. Миша, ки чандин сол дар муҳити ғайритоҷикӣ зиста хиёнатро як чизи муқарарӣ мепиндошт, ба гӯши як зани шавҳардор он қадар қиссаи ишқ мехонд, ки Гулбоғ ба маликаи ҳусн буданаш бовар карда ба ҳамсараш хиёнат намуд. Миша тамоми ҳунарҳояшро дар бистар нишон дода Гулбоғи шаҳватхоҳро мутеъи худ гардонид, зан чун мӯйи дар оташпечида месӯхту аз лабони обияш ба ҳамшаҳрияш бӯсаҳо ҳадя менамуд. Вохӯрии гунаҳолуди ин ду тани хиёнаткор то дер идома ёфт, танҳо бегоҳ Миша Гулбоғро бурда дар наздикии хонааш фаровард.

                           Мӯсичаи бегуноҳ

Гулбоғ саросема ба хона даромада аввал ба ҳаммом даромад, бехабар аз он ки нақши ҳароми зиноро ягон об намешӯяд, то дер зери оби равон истода сару танашро шӯст. Берун баромада дар оина нигарист, дар гарданаш чанд ҷой доғи кабудро дида онро бо ёрии малҳам нопадид гардонду зуд аз пайи пӯхтани таом шуд. То омадани Нозир худро ба бемор шабеҳ сохта рӯйи нармкурсӣ хоб рафт. Нозир ранги кандаю мондагии ҳамсарашро дида ӯро ба оғӯш кашида пурсид:-Гулҷон, чӣ шуд? Ҳеҷ… Духтур гуфт, ки ту айб надорӣ, шавҳарат бояд табобат гирад. Намедонам, барои чӣ сарам сахт дард мекунад… Хӯрокат тайёр… Хайр гап дар сари ман бошад, фардо ба духтур меравам, ту хоб кун, ман худам хӯрокамро кашида мехӯраму табақамро мешӯям. Гулбоғ мунтазири ҳамин гап буд, ки ба хонаи хоб гухазта дарашро пӯшид… Рӯзи дигар Нозир аз Иван Иванович изн хоста ба духтур рафтанӣ шуд, вале хуҷаинаш гуфт:- Агар занат нуқс надошта бошад ба духтур рафтани ту шарт нест, чанд гармукол зан тамом!Шумо одамони сарзамини гармед ва хунукиҳои мо корашро мекунад… Нозир чанд сузандоруи гуфтагии хуҷаинашро хариду ба назди духтури шиносаш рафта онро гузаронид ва мунтазири соати саид нишаст…

                                 Ошиқони печон

Акнун дар ду ҳафта як бор Гулбоғ назди «духтур» мерафт, Миша он қадар бо санами сабзина унс гирифта буд, ки ӯро бо шавҳараш рашк мекард. Сар то пойи Гулбоғи ишратхоҳро бо бӯса шӯста ҳангоми хайру хуш ба ҳамёнаш чорсад-панчсад доллар андохта мемонд. Ин саховати Миша Гулбоғи чизпарастро якбора ошиқтар гардонд, акнун худи ӯ ба Миша паёмакҳои ошиқона мефиристоду садҳо бор садқаю балогардони ошиқаш мешуд. Дар хона бошад назди Нозир худро хастаю лакот нишон дода аз ҳамхобагӣ бо шавҳараш саркашӣ мекард. Миша, ки дӯстам медорад сар то поямро мебӯсад, навозишам мекунад, пули зиёдам медиҳад, ин ландаҳур танҳо мисли духтурҳо савол доданро медонаду халос…. Аз дил мегузаронид Гулбоғ. Нозир бошад тағироти ҳоли занашро аз серкорияш дониста аз ӯ хоҳиш мекард, то корро бас кунад.

                                                                                  

                               Навгонӣ

Гулбоғ то метавонист торҳои макарашро ҷӯр мекард, то касе аз вохӯриҳои ӯ бо Миша хабар наёбад, вале воқеае рӯй доду Миша батамом аз сабзинаи бекина, чӣ тавре худаш ошиқи хиёнаткорашро меномид, дасту дил шӯст…

Пас аз ду моҳи дӯстдорию навозиш ва паёмакфиристию ширингуфторӣ, Гулбоғ як рӯз дар ҷойи кораш беҳуш шуда афтод. Ҳамкоронаш дасту по хӯрда ёрии таъҷилиро ҷеғ заданду боз ба Нозир низ занг заданд. Нозир аз шунидани ин хабар ҳангаш канд ва бошитоб расида омад. Духтурон Гулбоғро ба беморхона бурданд ва баъди муоинаи пурра маълум шуд, ки ҷавонзан ҳомиладор шудаасту тифлаки батнаш се ҳафтаина аст. Ин хабар Нозирро чунон хурсанд карда буд, ки ба нею нестони духтур ва ҳоли табоҳи занаш нигоҳ накарда Гулбоғро рӯйи дастон бардошта чанд бор чарх занонду баъд ба оғӯш гирифта аз сару рӯяш бӯсид. Ин дам барқвор аз сари ҷавонзан гузашт, ки тифл аз Нозир нест… Нозир тавсияҳои духтурро ба инобат гирифта Гулбоғро як ҳафта дар беморхона хобонд, дар палатаи люкс мисли шоҳбонуҳо мехӯрду мехобид ва табобат мегирифт. Бо Миша дуру дароз гуфтугӯ мекард, аммо сабаби ба беморхона афтиданашро аз ӯ пинҳон медошт. Як шаб Мишаи ба оғуши моҳи сабзина омӯхта бо исрор аз Гулбоғ талаб кард, ки рақами беморхонаро ба ӯ гӯяд то ба аёдаташ8 равад. Гулбоғ бо ноз гуфт:-Ҷонакам, яке шавҳарам омада монад? Ин духтурон ҳамеша бо вай дар тамосанд, илтимос коре накунӣ, ки шарманда шавем? Миша бо шунидани номи Нозир, қаҳраш карду дод зад:

-Чӣ ин қадар номи ҳамон гусоларо мегирӣ, хоҳам рафта дар пеши назараш хабарат мегирам. Мо дар асри понздаҳ зиндагӣ намекунем, ки маро аз шавҳарат ин қадар тарс диҳӣ… Шуд, шуд гапи ӯро бурид Гулбоғ бо ноз, ки рашки ошиқаш барояш хеле писанд буд. ҳозир ман ба ту як навгониро мегӯям баъд омаданат баъд… Ман ҳомиладорам ва боварӣ дорам, ки падари кӯдак ту ҳастӣ… Бо шунидани ин хабар Миша бо оҳанги хеле сард гуфт:-Не, аз ман фарзанд намешавад, падари кӯдакат яқин ҳамон гусола аст. Баъд, ман аз зани ҳомиладор дилам мешӯрад аз ин рӯ дигар ба ман занг назан ва маро фаромӯш намо! Гулбоғ аз ин гардиши муносибати ошиқи дустдораш дар ҳайрат афтод ва пичиррос зад:-О- худат гуфта будӣ, ки занам фарзанд намехоҳаду… Ман ҳар чӣ мегӯям, баъд ту бовар кардан мегирӣ? Гуфт ин даъфа бо зарда миша ва телефонашро кушт. Гулбоғро он шаб хоб набурд, ӯ вохӯриҳояшро бо Миша ба ёд оварда гоҳ мегиристу гоҳ механдид, бовар дошт, ки ошиқаш пушаймон шуда занг мезанад, аммо ин тавр нашуд. Миша рақамҳояшро дигар карда буд магар, ки телефонаш умуман хомӯш буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД