“Улибка”-и холаи Адолат ба худаш хеле зебанда аст. Ин зани гандумранги хушчақчақу меҳнатӣ ва заҳматкаш яке аз занҳои пешқадами ноҳияи Ҷайҳун ва ҳатто вилояти Хатлон маҳсуб меёбад.
Мавсуф роҳбари хоҷагии деҳқонии “Адолат”-и ноҳияи Ҷайҳун буда, таҷрибаи кору рӯзгораш шоёни омӯзиш мебошад.
Вақте мо ба ҳавлӣ-коргоҳи ин бонуи хатлонӣ ворид шудем, ҳама ҷо зардпӯш буда, ин ҳавлии биҳиштосо мисли зардеворие, ки аз рангҳои гуногун дӯхта шудааст, ҷилло медод.
“Дар меҳмоном садқае биёен-биёен”-гӯён холаи Ҳалима бо хандаи ба худаш зебандаю чеҳраи лолагунаш, ки мисли зардолуҳои ҳавлиаш ба сад ранг медурахшид, ба пешвозӣ мо баромад.
-Холаҷон, чаро тани танҳо миёни зардолуҳои хушкардаатон кор карда истодаед?-пурсидам аз холаи Ҳалима.Зан бо табассуми зебо ҷавоб дод:-Ман бекор нишаста наметавонам.
Бо вуҷуди он ки 64-сол дорам, ҳеҷ гоҳ худамро калонсол нагуфтаам ва ба умеди келинҳо намешинам, ки кай омада ба ман кӯмак мерасонанд. Бечораҳо кӯдак доранд, кору бори хонаро анҷом медиҳанд.Аҳли оилаи мо ҳеҷ гоҳ вақти холӣ ё бекорӣ надорад, чунки зардолуҳо ҳамеша кор дорад.Мо оилавӣ кор мекунем ва танҳо дар вақти зардолучинӣ коргарони кироя гирифта, кори 3 рӯзаро дар як рӯз анҷом медиҳем.
Ҳамсояҳо низ кӯмак мекунанд ва дар ивазаш ба хоҳиши худашон зардолу ё пул мегиранд.Аслан зардолуро дар офтоб 7-шабонарӯз хушк мекунанд, вале холаи Ҳалима мегӯяд, бо кӯмаки дастгоҳҳои нави замонавӣ онро ҳамагӣ дар 7 соат хушк кардан мумкин аст.
Онҳо техникаи зиёде барои коркард ва ситеҳсолоти зардолу хушк бо сифати баланд доранд, вале як дастгоҳи муҳими дигар намерасад, ки барои хушконидани зардолу муҳим аст. Дастгоҳи мазкур моҳҳои наздик ба Тоҷикистон расида, кори ин оиларо хеле осон хоҳад кард.
Ҳалимахола натанҳо зардолуи хушконидааш, балки донаки зардолуро низ ба бозор бурда мефурӯшад. “Як бор як килограм донакро 60 сомонӣ фурӯхтам, бовар кунед, чунон хурсанд ба хона баргаштам, ки ногуфтанӣ”-мегӯяд бо табассум ин зани меҳнатдӯст.
Онҳо зардолӯро аз боғҳои ҳудуди Вилояти Хатлон, аз ҷумла, аз ноҳияҳои Қабодиёну Панҷ харидорӣ мекунанд.
“Ният дорем, ки шартномаҳои содиротиро бо кишварҳои ҳамсоя ва хориҷ зиёд карда, маҳсулоти ватаниро дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ намоем”-мегӯяд бо ифтихор Ҳалима-хола.
Ба гуфти қаҳрамони мо навъҳои якуму, дуюмизардолӯ ва зардолуи компотӣ харидорони зиёде доранд, вале барои истеҳсоли зардолӯ заҳмату меҳнати зиёде сарф мешавад.
“30 сол пеш ба шавҳарам гуфтам, ки мардакҷон, биё ҳамин кори авлодиамро идома диҳем, ҳам корамон пеш меравад ҳам як нола нон пайдо мекунем.
Розӣ шуданд ва ҳамин тавр слиёни зиёдест, ки аз рӯйи ҳамин кор нон мехӯрем. Мо аз касби интихоб кардаамон розӣ ҳастем”-мегӯяд холаи Ҳалима.
Сирри аввали муваффақиятҳои ин зани деҳтӣ дар меҳнаткаш ва заҳмтаписанд буданаш бшад, сирри дигари комёбиҳои холаи Ҳалима дар табассуми зебои ӯ, ба қавли худаш дар “улибка”-аш ниҳон аст.
Маҳинаи Давлат