Куштори ваҳшиёнаи духтарчаи 8-сола Руфейда Иноятова дар ноҳияи Рӯдакӣ тамоми ҷомеаи Тоҷикистонро ба по хезонда буд. Ин духтарчаи ҷингиламӯи заркокул ҳамагӣ як ҳафта пеш аз ҷашни зодрӯзаш, санаи 4-уми июл аз назди бинои истиқоматиашон бе ному нишон ғайб зад. Бо хоҳиши пайвандони Руфейдаи хурдакак афроди зиёде ба ҷустуҷӯ ҳамроҳ шуда бошанд ҳам, зинда пайдо кардани кӯдак муяссар нагашт.
Ҷисми пора-пора шудаи Руфейдаро як рӯз пас аз ҳоҷатхона ёфтанд. Баъдтар маълум гашт, ки духтарчаи нокомро бегона не, ҳамсояи наздикашон Раҳматулло Гадоеви 31-сола ба таври ваҳшиёна ба қатл расонидааст. Руфейдаи хурдакак ҳамсоли фарзандони Раҳматулло Гадоев ва дугонаи духтарчаҳояш бошад ҳам, ин гурги одамсурат ба ҳоли кӯдаки бегуноҳ, ки барои дугонабозӣ ба хонааш омада буд, заррае раҳм накарда, аввал духтарчаро зӯран таҷовуз намуда, сипас бо бераҳмии махсус ба қатл расонидааст. Бо шунидани тафсилоти куштори даҳшатангези духтарча хун дар рагҳои кас ях мебаст, зеро Раҳматулло мисли қассобе, ки гӯсфанди қурбониро сар мебуррад, сари кӯдакро аз танаш ҷудо намудаву дасту пойҳояшро бурида, баъдан ҷисми пора-пора шудаи ӯро ба ҳоҷатхона партофтааст. (Тафсилоти куштори ваҳшиёнаи Руфейдаро амааш аз номи худи кӯдаки шаҳид ба қалам дода, дар Фейсбук нашр намуда буд.)
Инак, баъди се моҳи содир шудани ин ҷинояти даҳшатангез ва пур аз сару садо Суди Олии Тоҷикистон ба баррасии парвандаи қотили Руфейда Иноятоваи 8-сола сар кард. Спутник-Тоҷикистон дар такя ба як манбаъи худ дар мақомот навиштааст, ки мурофиа дар паси дарҳои пӯшида мегузарад ва аз падари духтарча ва ҳомиаш хоҳиш кардаанд, ки то эълон шудани ҳукми суд ҷузъиёти парвандаро ошкор насозанд.
Раҳматулло Гадоев бо ду моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон-138, таҷовуз ба номуси духтари ба синни 14 нарасида ва 104-куштор гунаҳкор дониста мешавад. Ҷониби ҷабрдида барои ӯ ҳукми абад талаб кардаанд, аммо ҳанӯз маълум нест, ки суд чӣ ҳукм мебарорад. Интизор меравад, ки ҳукми қотили Руфейдаи хурдакак-Раҳматулло Гадоев рӯзи ҷумъа эълон карда мешавад.
Валиҷон Иноятов, падари Руфейдаи шаҳид аз рафти мурофиаи судӣ розӣ буда гуфтааст “мурофиа шаффоф мегузарад” ва ваъда додааст, ки танҳо баъди эълони ҳукми суд дар бораи ҷузъиёти парванда сӯҳбат хоҳад кард.
Ёдрас мешавем, ки мутаассифона, солҳои охир ҳодисаҳои нохуши зӯроварӣ, таҷовуз ба номус ва куштори кӯдакони ноболиғ дар кишвари мо рӯ ба афзоиш ниҳодаанд. Пас аз фоҷиаи хунини ба сари Руфейда Иноятоваи 8-сола омада боз чанд ноболиғ мавриди таҷовуз ва куштор қарор гирифтанд. Аз ҳамин хотир фаъолони ҷомеа аз мақомот сангинтар кардани музоҷотро барои таҷовуз ва қатли кӯдакони ноболиғ тақозо намуда буданд.
Ба иттилоъи дафтари матбуотии Маҷлиси миллии Тоҷикистон айни замон лоиҳаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав дар баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, ки мутобиқи он, ҷавобгарии ҷиноятӣ вобаста ба ин қабил ҷиноятҳо пурзӯр карда шудааст.
Умедворем, ки сангин шудани ҷазо барои чунин ҷиноятҳо пеши роҳи педофил, бачабоз ва дигар даррандаҳои одамсуратро мегирад ва аз ин пас кӯдакон бидуни хавфу хатари дучор гаштан ба таҷовуз ва дигар ҳодисаҳои нохуш зиндагӣ хоҳанд кард.