Максим Мартсинкевич, миллатгарои рус, ки бештар бо лақаби Тесак машҳур аст ва шаш нафар ҷонибдоронаш аз ҷониби як додгоҳи вилояти Маскав дар қатли муҳоҷирони меҳнатӣ айбдор дониста шуданд.
Дар рафти тафтишот муайян шудааст, ки ҷонибдорони “Тесак”- Семён Токмаков ва Андрей Кайл ҳанӯз соли 2003 ду муҳоҷири меҳнатиро бо ваъдаи корҳои сохтмонӣ бо роҳи фиреб ба манзили берун аз шаҳрии Тесак, ки дар вилояти Смоленск воқеъ гаштааст, бурда, яке аз муҳоҷиронро бо табар зада куштаанд ва дувумиро бӯғӣ кардаанд. Пас аз анҷом додани ин амали разилона ҷасади муҳоҷирони нокомро дар ҳавлии ҳамон хона гӯр карда, ин миллатгароёни бераҳми рус “шикор”-и худро идома медиҳанд.
Дертар Токмаков ва Кайл бо ҳамроҳии чор миллатгарои дигар боз ду муҳоҷирро дар базаи сайёҳии Сергиево-Посад ваҳшиёна кушта, лаҳзаи қатли онҳоро ба навор мегиранд ва он навори ваҳшатзоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мекунанд. Миллатароёни даррандасират ба мисли қассобони бераҳм муҳоҷиронро чун гусфанди қурбонӣ сар зада, сарҳои аз тан ҷудои онҳоро дар кӯчаҳои ноҳияи Голяновои Москва партофтаанд.
Аз ҷониби тафтишот Тесак ҳамчун сарвари ин гурӯҳи ҷиноӣ шинохта шуда, парвандаи ҷиноятӣ дар асоси нишондодҳои пеш бурда мешуд, вале тирамоҳи соли 2020 ҷасади Максим Мартсинкевичро аз зиндони шаҳри Челябинск пайдо карданд.
Мақомот гуфтанд, Мартсинкевич дар чандин куштори дигар низ даст дошт ва аз тарси ҳабси якумрӣ дар зиндон худкушӣ кардааст, вале наздикони Тесак иддао намуданд, ки ӯро куштаанд.
Семён Токмаков, Андрей Кайл ва дигар ҷонибдорони Тесак ҳангоми муҳокима дар додгоҳ айбҳои нисбаташон эълом шударо рад карда, гуфтаанд, ки таҳти фишор ва шиканҷа ба гуноҳашон эътироф карда буданд. Дар ин бора “Озодӣ” хабар додааст.