ИДОМААШ...
Бо кӯмаки Шоҳин хоҳараш Донишгоҳи омӯзгориро хатм намуда, дар мактаби деҳа ҳамчун муаллима ба кор даромада буд. Модараш пули аз фурӯши меваи боғ ба даст меомада ва маблағи ҳар моҳ мефиристодаи Шоҳинро ҷамъ карда, хонаю дарашонро таъмир намуд ва дар фикри келинкобӣ афтид…
Бозгашт ба Ватан
Ҳамон шабу рӯзи дар беморхона дар байни маргу зиндагӣ қарор доштани Шабнам Шоҳин якмоҳа рухсатии меҳнатӣ гирифта, ба аёдати модару хоҳаронаш ба Тоҷикистон омад. Вай ҳанӯз дар Маскав дар дил қарор дода буд, ки баробари ба Ватан расидан мол харида, бар ивази хизматҳои модари зораш, ки бо нӯги сӯзан онҳоро калон карда, соҳиби маълумот гардонд, маъракаи зебое ороста модарашро пайғамбартӯй мекунад. Рӯзи дуюми ба хона баргаштан ӯ сари субҳи солеҳон аз хоб бархоста роҳи бозорро пеш гирифт ва гови калонеро харида овард. Хоҳаронаш ба хоҳиши Шоҳин кулчаю нони чапотӣ пухта, тамоми хешу таборро ба маърака даъват намуданд. Модар аз хурсандӣ дар куртааш намеғунҷид, ки писараш зиндаю саломат ба Ватан баргашта, ба шарафи 63-солагии ӯ маърака ороста истодааст. Кампир ният кард, ки дар ҳалқаи хешу табор масъалаи ҷуфт кардани сари Шоҳинро ба миён гузошта, арӯсҳои таги чашм кардаашро пешниҳод мекунад, вале…
Вақте ки мард мегиряд….
Рӯзи маърака аз гап гап баромаду яке аз ҷӯраҳои даврони мактабиаш ба Шоҳин дар бораи зиндагии талхи Шабнам нақл кард ва гуфт, ки ҳоло ӯ дар беморхона дар байни маргу зиндагӣ қарор дорад ва табибон ба зинда монданаш умед надоранд. Ин гапро шунида ба дили Шоҳин оташ афтид ва модарашро ба гӯшае бурда ҳақиқат доштан ё надоштани ин гапро пурсон шуд. Модар ба чашмони Шоҳин нигариста пай бурд, ки дар дили писараш ҳамоно оташи ишқи Шабнам аланга мезанад ва лаб газида гуфт:
-Аслан дар бадбахт шудани ин духтари бечора ман гунаҳкорам. Ҳамон рӯзе, ки ба хонаашон хостгор омад, Шабнам бо чашмони гирён ба назди ман омада, зорӣ карда буд, ки ба назди падараш равам, вале мани аҳмақ «духтарам, мо одамони камбағал ҳастем ва ҳоло шароити келинкунӣ надорем» гуфтам. Шабнам ноумед шуда ночор аз тарси падари золимаш ба ҳамон бачаи пулмаст ба шавҳар баромада, ҳаёташро сӯхт. Бечора аз рӯзе, ки шавҳар кард, ягон рӯз чашмаш бе нам набуд, як умр сару рӯяш сиёҳу кабуд мегашт. Шӯйи занҷаллоби худобехабараш дар болои ӯ зани дигар гирифта, бо балвои ҳамон аҷузаи ёфтааш мудом Шабнамро бе ягон гуноҳ мурданивор мезадааст. Майнаи сари Шабнами бечора аз мушту лағади шавҳараш палағда шуда, чанд рӯз боз дар касалхона беҳушу беёд хоб аст. Духтурҳо ба падару модараш гуфтаанд, ки зинда монданаш ба гумон аст, вале аз ҷони набаромада умед гуфта, ӯро ба хона наоварда истодаанд…
Бо шунидани ин суханони модараш дар чашмони Шоҳин ашк ҳалқа зад ва барои он ки оби дидаашро мардум набинанд, ба хона даромада, сарашро ба болин зер карду дар умраш бори аввал аз алам гиря кард….
Аёдат
Рӯзи дигар бо баҳонаи он ки аз ҷойи кораш ба ӯ занг зада, таъҷилан ба Маскав баргаштанашро тақозо намудаанд, Шоҳин бо модар ва хоҳаронаш хайрухуш намуда, ба роҳ баромад. Вай бо таксӣ ба шаҳр омада дар меҳмонхона ҷой гирифт ва ҳатто чизу чораашро ҷо ба ҷо накарда, роҳи бемористонро пеш гирифт.
Вақте ки вай аз дари беморхона даромад, аллакай шом фаро расида буд ва дар роҳрави беморхона ба ҷуз як зани хилъати сафедпӯш дигар касе ба назар намерасид. Шоҳин боодобона ба зан салом дода дар кадом ҳуҷра хоб будани Шабнамро пурсон шуд. Ҷавонзан саропои ӯро синчакорона аз назар гузаронида истода гуфт:
-Шумо шавҳараш мешавед?
Шоҳин андаке сурх шуда, канда-канда ҷавоб дод:
-Не, ман шавҳараш не, ҳамсинфаш ҳастам. Пагоҳ ба Маскав парвоз мекунам, барои ҳамин омадам, ки пеш аз сафар як бор ӯро бубинам.
-Галстук бастаеду боз дурӯғ мегӯед-а!-Лабашро бурма кард зан.
-Худо шоҳид, ки дурӯғ нагуфтаам, дар ҳақиқат ҳамсинфаш ҳастам.
- Шумо чӣ хел ҳамсинфед, ки бемори мегуфтаатон кампири тапа тайёр шудааст. Мӯйи сари ӯ пахта барин сап-сафед аст, шумо бошед, як ҷавони ҳанӯз аз сад гулаш як гулаш ношукуфтаи интелегент…
-Агар шумо ҳам ба ҷойи ӯ мебудед, кайҳо кампир мешудед!-Барошуфт Шоҳин ва дигар баҳс карданро ба худ эб надида хост ба палата дарояд, вале зани хилъатпӯш пеши роҳашро дошта гуфт:
-Беморе, ки шумо меҷӯед, дар ҳуҷраи эҳёгарӣ беҳушу беёд хоб аст. Ба он ҷо даромадан мумкин нест, бародар!
Шоҳин аз кисааш як 50-сума бароварда ба кисаи зан андохт ва бо оҳанги ором, вале қатъӣ гуфт:
-Хоҳарҷон, ман ба ин ҷо ба аёдати Шабнам омадаам ва то ӯро набинам, кушанд ҳам, намеравам. Беҳтараш ҳам худатон ва ҳам маро асабӣ накарда, палатаи ӯро нишон диҳед. Ваъда медиҳам, ки ҳамагӣ 5 дақиқа дар наздаш мешинаму баъд мисли бод баромада меравам…
-Ман якрав ҳастам гӯям, шумо аз ман ҳам якравтар будаед,-бо дидани пул табъи зан болида гашт ва ишорат кард, ки аз паси ӯ ояд…
Мурдаи берун аз гӯр
Шоҳин бо роҳбаладии зан ба ҳуҷрае даромад, ки он ҷо болои рахти сафед Шабнам мехобид. Дар ҳақиқат аз он Шабнами зебою дилоро дигар осоре намонда, дар рӯйи бистари сафед ҷисми лоғару афсурдае мехобид, ки ба кампири фартут монанд буд. Нафаси Шоҳин аз дидани Шабнам гиреҳ зад ва беҳолона ба рӯйи курсичае, ки дар назди кати бемор ниҳода буданд, нишаст. Зани хилъатпӯш ангушташро ба лаб бурда бо садои базӯр шунаво пичиррос зад:
-Додарҷон, духтурҳо наомада зудтар баро, агар фаҳманд, ки ман туро ба ин ҷо даровардаам, аз кор дафъам мекунанд!
-Ташвиш накашед, ман шуморо дар таги гап намемонам,-ваъда дод Шоҳин, ки мехост бо Шабнамаш ақаллан чанд лаҳза танҳо монад.
Зан аз палата баромада дарро аз берун пӯшид…
ИДОМААШРО ФАРДО СОАТИ 21-00 ИНТИЗОР БОШЕД!