Formula novemver 2024
ҚУДРАТИ ИШҚ МУРДАРО ЗИНДА КАРД
12.12.2020
Дилошӯб
4872

 

 Кабӯтарони ошиқ

Шоҳину Шабнам дар як сол ба дунё омада дар як деҳа ба воя расиданд. Даврони беғамии кӯдакӣ пушти сар шуда, наврасию ҷавонӣ ҳамроҳи худ ишқу умеду орзуро овард. Шоҳин эҳсос кард, ки меҳри кӯдакияш ба Шабнами сабзинаи қоматбаланд ба ишқ табдил меёбад. Ҷуръат намуда ба духтар изҳори муҳаббат кард ва ҷавоби мусбат гирифт. Акнун Шоҳин дар диёри орзуҳо худро шоҳ медиду Шабнами нозанинашро малика, вале руъё дигар асту зиндагии аслӣ чизи дигар…

 

Думболи орзу

Пас аз хатми мактаб Шоҳин ҳуҷҷатҳояшро ба донишгоҳ супорид, Шабнам бошад аз тарси волидони ҷоҳилаш, ҳатто орзуи хондан доштанашро ба касе нагуфт, ҳарчанд дониши хуб дошту мактабро бо медали тилло хатм карда буд. Шоҳин ваъда дод, ки пас аз хатми донишгоҳ ба ӯ хонадор мешавад ва албатта Шабнами нозанинашро ба донишгоҳ дохил мекунад, аммо беҳуда нагуфтаанд:

Мо дар чӣ хаёлему фалак дар чӣ хаёл?

Мо дар пайи ободӣ фалак вайронкор…

                      

Ҷабри қисмат

Шоҳин боварӣ дошт, ки Шабнам ба қавлаш вафо карда, ӯро мунтазир мешавад, вале пас аз ду моҳи ба шаҳр рафтани маҳбубаш ба духтар аз як оилаи баобрӯи ноҳия хостгор баромад. Анвар-милиса барои писараш Акрам Шамнамро талабгор шуд ва волидони духтар нею нестон накарда розигӣ доданд. Шабнам намедонист сарашро ба кадом дару девор занад. Бегоҳи рӯзи дигар вай аз волидонаш пинҳонӣ ба хонаи Шоҳинино рафт. Модари Шоҳин Шабнамро бо табассум пешвоз гирифта, сабаби озурдахотириашро пурсон шуд. Шабнам лола барин суп-сурх шуда гуфт:

-Холаҷон, ман Шоҳинро дӯст медорам, вале падарам маро ба дигар кас доданист…

Модари Шоҳин, ки зани хирадманду дунёдидае буд, бадном шудани духтаракро нахоста насиҳат кард:

-Шабнамҷон, Шоҳин ҳоло бояд хонад, кор кунад, баъд зан гирад. Худат нағз медонӣ, ки ман Шоҳину хоҳарашро баъди фавти падараш танҳо ба воя расонидаам. Ман, як зани дасттанҳо ҳастам ва шароити ҳамин ҳоло келин кардани туро надорам, баъд падари ту ҳаргиз бо мани беваи камбағал қудо намешавад. Беҳтараш ба гуфтаи падару модарат амал карда аз паси зиндагиат шав….

Духтарак навмед шуда бо табъи гирифта ва чашмони ашколуд ба сӯйи хонаашон равон шуд.

                            

Ҷаҳли падар

-Шабнам дар ин шоми ториқ аз куҷо меоӣ?!-Бо арбада пурсид падараш офтобаи обро як тараф гузошта.

-Отаҷон, ман Шоҳинро дӯст медорам ва танҳо ба ӯ мерасам, илтимос, фотеҳаро гардонед,-тарошаи аз бом афтодагӣ барин, бо чашмони гирён арз кард духтар.

Мӯйсафед аз ин гапҳои духтараш аввал дар ҷояш шах шуд, баъд ба худ омада, бо тамоми овоз фарёд зад:

-Э бар падарат лаънат, ту беадаби мурдора!!!

Он бегоҳ падараш дунёро ба сари Шабнаму модараш гардон кард.

– Ту беадаби модарбахато як сағираи почакандаро «дӯст медорам» гуфта, мехоҳӣ ман бо ҳамин ришу фаш, бо беваи Саодат қудо шавам?! Ман аввал ту ва баъд ана ин қанчиқи модаратро мекушаму баъд ба турма меравам, фаҳмидӣ?!

Шабнам ба хотири ашки чашмони модараш розӣ шуд, ки зани Акрам шавад, зеро очааш бе ин ҳам аз дасти падараш рӯз надошт. Бародаронаш модарро ҳурмат кунанд ҳам, гапи падар барояшон қонун буд ва аз хати кашидаи ӯ берун намебаромаданд. Касе набуд, ки Шабнамро муттако гашта, аз ҷаҳли падар муҳофизат намояд.

                              

Ғурбатхона

Пас аз ду моҳи фотеҳа Анвар-милиса тӯйи бошукуҳе ороста келинашро ба хонааш бурд. Хонаи шавҳари Шабнам дар маркази ноҳия дар мавзеи боғзоре воқеъ буд. Акрам ҷавони болобаланди зебо, вале бисёр эрка ва ҳавобаланд буда, аз рӯзи аввал ба Шабнам ягон зарра меҳр надоштанашро нишон медод. Ду хоҳари шавҳараш ба Шабнам мисли хизматгор нигоҳ мекарданд. Арӯсак шабу рӯз сараш хам меҳнат мекард, хусуру хушдоманаш ба вай он қадар кордор нашаванд ҳам, пеши даҳони духтарҳояшонро намегирифтанд. Низораю Ситора ҳамеша янгаашонро паст зада, акаашонро таъриф мекарданд, Акрам бошад ошкоро мегуфт:

-Ман духтари раиси ноҳияро дӯст медоштам, лекин падарам ту сиганро ёфта келин кард!

Шабнам дар дил худро мазаммат менамуд, ки чаро пеш аз тӯй гурехта, ба шаҳр ба назди Шоҳини меҳрубонаш нарафт…

                            

Дидор

Баъди шаш моҳи тӯй волидонаш Шабнамро талбиданд. Хушдоманаш иҷозат дод, ки як ҳафта дар хонаи модараш монад. Як рӯз дугонаи ҷамолакияш Фотима ба ҷону ҳолаш намонда, ӯро ба хонаашон бурду ҳангоми бозгашт Шабнам дар тангкӯча Шоҳинро дида, якбора дар ҷояш шах шуда монд. Шоҳин бо нафрат ба ӯ нигариста гуфт:

-Ишқи маро бо пулу мол иваз кардӣ?! Ман як моҳ пас ба Маскав меравам, мехонам ва аз шавҳари ту дида, пулдортар мешавам….

Шабнам дар ҷавоб чизе гуфта натавонист, аммо дар равоқи хотирааш як чиз сахт нақш баст-чашмони пури оби Шоҳин.

Баъди аз назар нопадид шудани Шоҳин Шабнам ба худ омад ва зери лаб пичиррос зад:

-Худованд ба ту бахту иқболи сафед диҳад….

                                    

Дардҳои зиндагӣ

Дар як мижа задан аз зиндагии оилавии Акраму Шабнам панҷ сол сипарӣ шуда, хоҳаршӯҳояш шавҳар карда ба хонаҳои хеш рафтанд, аммо дарахти умри Шабнаму шавҳараш бор наовард. Акрам ба ӯ лақаби нав монда буд-гови сиёҳи қисир!

Дар ҳақиқат аз зебогии Шабнам дигар осоре намонда, лоғару сиёҳ шуда буд, зеро бемеҳрию дағалии шавҳар мурғи дилашро кайҳо кушта, дигар ҳавсалаи ба худ нигоҳубин кардан надошт. Акрам бо ҳамон духтараки дӯстдоштааш, ки акнун падараш раиси вилоят буд ва худаш бо як фарзанд аз шавҳараш ҷудо шуда буд, мисли зану шавҳар зиндагӣ дошт. Зулола аз Акрам талаб мекард, ки аз баҳри зани «бӯгинаш» баромада, никоҳашонро қонунӣ кунад, вале волидони Акрам хизматгори беминнатро раҳо карданӣ набуданд. Кадом шабе, ки Зулола Акрамро бо ноз аз хонааш меронд, вой бар ҳоли Шабнам буд, шавҳараш алами Мӯсоро аз Исо гирифта, ӯро зери мушту лагат мегирифт, хушдомани золимаш ба ҷойи келини хизматгорашро пуштибонӣ кардан дари ҳуҷраашро аз дарун қуфл карда, бепарвоёна сериал тамошо мекард. Шабнам аз падару бародаронаш сахт хафа буд, барои ҳамин ҳаргиз ба онҳо шикоят набурда, ҷабру зулми Акрамро хомӯшона таҳаммул мекард ва бо ашки шашқатор канизияшро идома медод…

                              Идомаашро фардо соати 21-00 интизор шавед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД