Вайроншавии оилаҳо дар Тоҷикистон боз рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Танҳо дар вилояти Суғд дар се моҳи соли равон 886 оила аз ҳам пош хӯрдааст.
Тавре Волидахон Тоибзода, сардори шeъбаи демографии Сарраёсати агентии омор хабар додааст, дар ин давра 5 476 ҳолати бастани ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст.
Пошхӯрии оилаҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 175 (1061 ҳолат) камтар бошад ҳам, ин рақам аз рӯи омори бастани ақди никоҳ дар ин давра рӯ ба афзоиш ниҳодааст.
Ҷомеашиносон афзоиши пошхӯрии оилаҳоро ба коҳиш ёфтани таҳаммулпазирии оилаҳои ҷавон, мушкилоти иқтисодию хонаводагӣ, дахолати дигар аъзои хонавода ва хешу табор ба ҳаёти оилаҳои ҷавон, хиёнату нобоварӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ рабт медиҳанд.
Дар ин бора “Спутник” хабар додааст.