Бойбачаи пулмасте ба духтарам ошиқи зор шуда, хостгор фиристод. Намехостам, ки ҷигарбандам дар зиндагӣ танқисию хорию зорӣ кашад, бинобар ин, бо умеди он, ки дар оилаи сарватмандон гули чизро хӯрдаю гули чизро пӯшида хушбахттарин зани дунё мешавад, дарҳол розигӣ дода, ин ду ҷавони дилдодаро бо ҳамдигар фотиҳа кардем.
Қудоҳо аз рӯзи аввал бо таънаю писхандашон диламро сиёҳ карданд. Рӯирост ба ҳоли хонаю дари камбағалонаи мо механдиданд хешовандони домод, вале хотири фарзандам лабамро зери дандон гирифта, чизе нагуфтам. Домод, ки ошиқи зори духтарам буд, боварӣ доштам, ки баъди тӯй ба даҳони хешу табораш мӯҳр мезанад ва намегузорад, ки азизи дилашро бо заҳри забон озор диҳанд. Хуллас, рӯзи тӯй ҳам фаро расид ва домоду пайвандонаш барои бурдани арӯс омаданд. Аз нигоҳҳои норозиёнаашон аён буд, ки хешовандони домод аз ин васл хурсанд нестанд. Ба ҳама нозу нузу қошу қавоқашон тоқат намуда, духтарамро бо обрӯ гусел намудем.
Пас аз чанд рузи тӯй фарзандамро хабаргирӣ рафтам. Духтарам бо авзои парешону чашмони маҳзун маро пешвоз гирифт. Аз чеҳрааш маълум буд, ки дар ин хонаи боҳашаммат хушбахт нест. Сабаби озурдагиашро пурсидам. Гиря карда гуфт, ки пайвандони домод қишлоқии нодидаю камбағали чашмгурусна гуфта, як луқма нони мехӯрдаашро дар баданаш заҳр мекунанд. Дилам аз шунидани ин гап хун шуда бошад ҳам, духтарамро насиҳат кардам, ки тоқат кунад, ҳамааш хуб мешавад. Ҳамин тавр духтарам як солро бо азобу шиканҷа дар он зиндони тиллоӣ пушти сар кард. Хушдоманаш ба ҳар кораш эрод гирифта, ҳамеша байни духтараму домод оташи ҷангу ҷидолро аланга медод ва арӯсаки бегуноҳро зери мушту лагад мемонд.
Ин сарватмандони худобехабар аз пулу молашон болида, духтари маро танҳо барои камбағалии падару модараш чашми дидан надоштанд. Духтарамро як сол пас талбон оварданд ва падараш ранҷу азобҳояшро дар хонаи бойбача шунида, дигар нагузошт, ки пою қадамашро ба он зиндон гузорад.
Ба хонандагони «Оила» гуфтаниям, ки ҳеҷ гоҳ орзуи домоди бой доштанро накунед, зеро барои хушбахтӣ зару зевару боигарӣ не, меҳру муҳаббату садоқату одаму одамгарӣ лозим аст.
Беҳуда нагуфтаанд:
Кунад ҳамҷинс бо ҳамҷинс парвоз,
Кабӯтар бо кабӯтар, боз бо боз.
Модари ғамдида Нигорамоҳ.