Имрӯз, 18-март дар толори Театри давлатии академӣ-драммавии ба номи Лоҳутӣ шоми хотираи устоди бузурги санъати театр ва кинои тоҷик, ҳунарманди нотакрор, ҳаҷвнигори беназир ва коргардони хушзавқ, зиндаёд Убайдулло Раҷабов баргузор мегардад.
Маҳфили поси хотири ин ҳунарманди асил бо ибтикори фарзандону пайвандони марҳум ва аҳли эҷоди театри миниатюрии “Оина”, ки шоҳсутун ва асосгузораш Убайдуллои Раҷаб буд, ташкил шуда, чорабинӣ соати 17.30-и шом оғоз меёбад.
Дар шоми хотираи ин ҳунарманди беназир ҳамкасбону шогирдон, ёру дӯстон ва мухлисони ҳунари волои Убайдуллои Раҷаб ширкат хоҳанд кард.
Убайдуллои Раҷаб зодаи баҳор ва амсоли баҳор ҳамеша дар пайи офариниш буд. Ин ҳунарманди асил 20-уми марти соли 1941 дар Данғара чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Замони кӯдакиаш ба давраи душвори Ҷанги Бузурги Ватанӣ рост омада бошад ҳам, ин марди сар то по ҳунар тавонист бо талошҳои пайвастаи ба қуллаи мақсуд ва орзуҳои худ бирасад.
Убайдуллои Раҷаб хатмкардаи студияи маҳорати актёрии назди Театри давлатии академӣ-драммавии ба номи А. Лоҳутӣ буда, баъдан соли 1982 Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзодаро хатм намудааст. Фаъолияти ҳунариашро соли 1968 аз Театри вилоятии драмаи мусиқии ба номи Сайдалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб сар карда, соли 1970 тақдирашро ба машҳуртарин театри Тоҷикистон-театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абдулқосим Лоҳутӣ пайваст ва то соли 1989 яке аз чеҳраҳои машҳури ин театри номдор ба шумор мерафт. Дар муддати қариб 20 соли фаъолияташ дар театри Лоҳутӣ Убайдуллои Раҷаб дар ин саҳнаи баланд ва ҳамзамон дар кино ва телевизион садҳо нақши ҷаззоб ва хотирмон офарида, соли 1990 театри намунавии миниатюрии «Оина»-ро ташкил кард.
Хизматҳои шоёни ин марди ҳунар дар пешбурди фарҳанги миллат аз назари роҳбари давлат дур намонда, соли 2000-ум Убайдуллои Раҷабро Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намуданд, баъдан аз соли 2004 то 2021 директори кулли Муассисаи давлатии фарҳангию фароғатии «Пойтахт-80», ҳамзамон муаллиф, таҳиягар ва роҳбари бадеии ҷашну маросимҳои бузурги оммавӣ, намоишҳои театришуда ва консертҳои давлатӣ буд, аммо...
“Марг гулчин аст ва беҳтаринҳоро мерабояд”-гуфтани халқ беҳуда нест, Убайдуллои Раҷаб низ як умр гули сари сабади маҳфилҳо буд, вале аждари беамони марг ба гиребонаш панҷа зада, 1-июли соли 2021 ин ҳунарманди нотакрорро рабуд.
Инак, ду сол мешавад, ки Убайдуллои Раҷаб дар байни мо нест, вале шоҳкориҳояш -нақшҳои нотакрори дар театр ва кино офаридааш, хотираи некаш як умр дар дили ёру дӯстон ва мухлисони санъати ин ҳунарманди беназир зиндаву ҷовид хоҳад монд.
Ф. Сатторӣ