Шаби гузашта хоб дидам, ки яке аз ҳамсабақонам ба ман туҳфаи зебои қиматбаҳоеро тақдим намудааст. Саҳар хобамро ба дугонаам нақл кардам, хандида гуфт, ки тайёр шав, ба хонаатон хостгор мефиристад. Албатта суханони дугонаамро ҳамчун шӯхӣ қабул кардам, вале бисёр мехоҳам таъбири хобамро бидонам.
Ш. М, шаҳри Душанбе
Посух:
- Туҳфа гирифтан дар хоб таъбирҳои гуногун дошта метавонад, вале дар маҷмӯъ фоли нек аст. Дар аксари хобномаҳо омадааст, ки агар кас дар хобаш аз ягон дӯст, хешутабор ё шахси дигари наздикаш туҳфа гирад, хабари хуш мешунавад.
Туҳфа дар хоб нишонаи муҳаббат ё таваҷҷӯҳ доштани туҳфадиҳанда ба шахси хобдида низ буда метавонад, зеро туҳфа додан дилҳоро ба ҳамдигар қарин гардонида, роҳи наздик шудан ба шахси дӯстдоштаи худ мебошад.
Шахси бо тиҷорат сарукор дошта хоб бинад, ки касе ба ӯ чизе туҳфа кардааст, кораш барор гирифта, даромади калон ба даст меорад. Одами мансабдор дар хобаш туҳфа бигирад, мақому мартабааш дар зиндагӣ боз ҳам баландтар мегардад.
Духтари муҷаррад хоб бинад, ки ҷавоне ба ӯ туҳфа дода истодааст, бо ҷавонмарди сарватманд ва дасткушоде ошноӣ пайдо мекунад ва ин шиносоӣ метавонад то ба никоҳ бурда расонад.
Пеш аз ҷашни зодрӯзатон хоб бинед, ки ба шумо туҳфа тақдим карда истодаанд, ин нишонаи барор гирифтани кор ва ба наздикӣ амалӣ гаштани орзуҳоятон мебошад.
Ғайбдони машҳур Ванга гуфтааст, ки агар дар хоб ба шахс чизеро туҳфа намоянд, ки қуттиаш тиллоӣ ба назар мерасад, ба зудӣ кор ва меҳнати шахси хобдида қадрдонӣ карда мешавад ва соҳиби пули калон ё мақому марбатаи баланд мегардад. Туҳфаи ногаҳонӣ дар хоб разми ба вуҷуд омадани тағйиротҳои нав дар ҳаёти шахси хобдида мебошад.
Дар хобатон ба шумо чизеро туҳфа намоянд, ки тамоман писандатон нест, эҳтиёт бошед, зеро ин нишонаи фиреб хурдан дар зиндагӣ аст. Дар хоб касе аз аҳли оилаатон ба шумо чизеро туҳфа намояд, агар қаҳрӣ бошед, бо он шахс оштӣ мешавед ё меҳру муҳаббататон ба ҳамдигар боз ҳам бештар хоҳад шуд.
Кас хоб бинад, ки аз ҷониби худованд ба ӯ туҳфае расидааст, ба сафари ҳаҷ меравад ё якбора чунон муваффақ мегардад, ки душманонаш аз рашку ҳасад қариб мекафанд.