Неъматҷон Эшонқулов, як сокини 30-солаи шаҳри Хуҷанд, ки бо гумони куштори ҳамсари ҳомилааш моҳи март боздошт шуда буд, барои одамкушӣ 25 сол равонаи зиндон шуд. Дар ин бора Фирӯза Аҳмадзода, судяи Суди вилояти Суғд хабар додааст.
Ба гуфтаи судя, Эшонқулов бо моддаи 104, қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои одамкушӣ аз озодӣ маҳрум шуда, ҳукми суд як моҳ пеш содир шуд.
Гуфта мешавад, ки ӯ ҳамсараш Фотима Сатторова, сокини ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро шаби 15-уми март дар хонаи истиқоматиаш куштааст.
Яке аз наздикони зани кушташуда он замон гуфта буд, ки “шавҳари Фотима Сатторова, ки моҳи январ ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия рафта буд, 15-уми март ба ватан баргашта, ба тани ҳамсари ҳомилааш 70 маротиба корд задааст”.
Дар ҳукми суд гуфта мешавад, сабаби куштор рад кардани туҳфае будааст, ки шавҳараш аз Русия барои Сатторова овардааст ва дар натиҷа Эшонқулов асабӣ шуда, дар пеши модар ва додараш ҳамсари ҳомилаашро бо корди ошхона мезанад.
“Ба ҳадде бо бераҳмӣ ҳамсарашро бо корд мезанад, ки дастаи корд мешиканад. Эшоновқулов корди дуюмро оварда боз амалҳои қасдонаи худро давом медиҳад. Дар умум, бо зарби 73 корд ҳамсари ҳомиларо аз ҳаёт маҳрум мекунад, ки 22 зарби корд дар қисми ҳаётан муҳим - гардан аст”,- омадааст дар ҳукми суд.
Фотима Сатторова донишҷӯйи соли 5-уми шуъбаи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд буд.